Раҳмон ба дастовардҳои Узбекистон дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ баҳои баланд дод

© Foto / Пресс-служба президента УзбекистанаЭмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев. Архивное фото
Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2026
Обуна шудан
Кишврдори Тоҷикистон бори дигар дар бораи тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба бо Узбекистон дар рӯҳияи анъанаҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек ёдовар шуд
ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои узбекаш Шавкат Мирзиёев сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар ин бора хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.
Ин занги ӣелефонӣ ба хотири зодрӯзи раҳбари Узбекистон буд. Дар оғози сӯҳбат, Раҳмон Мирзиёевро табрик гуфта, ба ӯ сиҳатмандии комил ва комёбиҳои навин дар фаъолияти давлатӣ орзу кард.
"Ҷонибҳо, ҳамчунин, ҷанбаҳои алоҳидаи рӯзмарраи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ карданд", - гуфтанд хадамоти матбуот.
Раҳмон бори дигар таъкид кард, ки Тоҷикистон барои тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба бо Узбекистон дар рӯҳияи анъанаҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек талош хоҳад кард.
Флаги Узбекистана и ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2026
Узбекистон тавассути ҳамкорӣ бо ИИАО даҳҳо миллард доллар сармоя ҷалб кардааст
Сарварони Тоҷикистон ва Узбекистон ҷадвали вохӯриҳо ва тамосҳои дарпешистодаро дар ҳошияи чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳокима намуданд.
Ғайр аз ин, президентҳо дар бораи дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак мубодилаи афкор карданд.
Лентаи хабарҳо
0