Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Кафолати сулҳи дар Украина дар чист

© Sputnik / СтрингерПочетный караул возле здания Верховной рады Украины в Киеве. Архивное фото
Почетный караул возле здания Верховной рады Украины в Киеве. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2026
Обуна шудан
Раиси парлумони Қрим гуфт, китағйири режим дар Киевро калиди сулҳ дар Украина номид
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Владимир Константинов, раиси парлумони Қрим, ба РИА Новости гуфт, ки тағйири режими кунунии Киев метавонад сулҳро дар Украина кафолат диҳад.
"Сулҳ бо дастаи кунунии фашистӣ дар Киев ғайриимкон аст. Ва сабаб дар он аст, ки онҳо бе ҷанг зиндагӣ карда наметавонанд, зеро онҳо ғайриқонунӣ ҳастанд. Танҳо тағйири режими кунунии Киев метавонад сулҳро дар Украина кафолат диҳад", - гуфт Константинов.
Ба андешаи ӯ, сулҳ дар Украина бояд бо созишномаҳои боэътимоде, ки манфиатҳои миллӣ ва принсипҳои амниятии Русияро ба назар мегиранд, мустаҳкам карда шавад.
Чанде пеш муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, Дмитрий Медведев гуфта буд, ки танҳо созишнома бо Русия метавонист ба Украина кафолати амниятӣ диҳад, ягон ҳамсояи дигар ба ин кор қодир нест.
Национальный флаг Ирана над Тегераном. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Эрон изҳор дошт, ки Киев бо ҳамла ба киштии эронӣ хато кардааст
"Танҳо созишнома бо Русия метавонист кафолати амниятӣ диҳад. Аммо ҳукумати Украина, ки аз пул ва мушакҳои Ғарб ҳавасманд шуда буд, онро рад кард", - гуфт ӯ
Ҳамзамон муовини раиси Шӯрои амният изҳори итминон кард, ки ҳеҷ кас Украинаро ба узвияти НАТО қабул намекунад. Ба гуфтаи Медведев, режими Киев дарк мекунад, ки ҳеҷ гуна кафолати амниятӣ барои он, ҳатто аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида вуҷуд надорад. Ӯ гуфт, ИМА танҳо ба хотири манофеяш кор мекунад ва ба зудӣ Украинаро фаромӯш хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0