https://sputnik.tj/20260730/shahri-vahdat-qonunshikanii-tanzim-ziyod-1079325316.html
Дар шаҳри Ваҳдат қонуншикании танзим 100% зиёд шудааст
Дар шаҳри Ваҳдат қонуншикании танзим 100% зиёд шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти шаҳри Ваҳдат мегӯяд, ки сарфи назар аз назорати доимӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҳолатҳои риоя накардани талаботи қонун тамоюли афзоиш дорад
2026-07-30T09:36+0500
2026-07-30T09:36+0500
2026-07-30T09:36+0500
дар тоҷикистон
танзим
қонун
нақзи қонун
ваҳдат
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102908/01/1029080141_0:245:3000:1933_1920x0_80_0_0_52edb6c8d6722a285cfb1bdc47b142cd.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Дар шаш моҳи соли 2026 дар шаҳри Ваҳдат, шумораи вайронкунии қонуни танзим ду баробар зиёд шудааст.Дар ин бора дар нишасти матбуотии Мақомоти шаҳри Ваҳдат иттилоъ додааст.Тибқи маълумоти мақомот дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 40 ҳолати вайрон намудани Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ошкор шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 ҳолат ё 100 фоиз зиёд мебошад.Қайд карда шудааст, ки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сарфи назар аз назорати доимӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҳолатҳои риоя накардани талаботи қонун дар шаҳр тамоюли афзоиш дорад.Мақомот ин шаҳр ҳамчунин хабар додааст, ки миёни наврасон ва ноболиғон низ қонуншиканӣ афзоиш ёфтааст.Дар ин давра танҳо дар шаҳри Ваҳдат нисбати 271 нафар ноболиғ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, 44,6 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин гардидааст. Ҳамчунин, нисбати 205 нафар волидайн протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардидаанд.Қайд карда шудааст, ки нисбати 271 нафар ноболиғ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.Ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2026 дар саросари Тоҷикистон 35 ҳазору 699 ҷашну маросим ба қайд гирифта шудааст.дар шаш моҳи аввали соли равон дар додгоҳҳои кишвар вобаста ба риоя накардани талаботи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон" 704 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шудааст.Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 74 ҳолат зиёд мебошад.Қайд карда шуд, ки аз шумораи умумии парвандаҳо нисбати 699 ҳолат ҷазои маъмурӣ таъйин гардида, 5 парванда аз ҷониби судҳо қатъ шудааст.
https://sputnik.tj/20260711/parvanda-naqzi-qonuni-tanzim-tojikiston-1078915279.html
ваҳдат
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102908/01/1029080141_250:0:2917:2000_1920x0_80_0_0_5786fe8a5984fcd09ae841922fcedd2b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, танзим, қонун, нақзи қонун, ваҳдат, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон, танзим, қонун, нақзи қонун, ваҳдат, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Дар шаҳри Ваҳдат қонуншикании танзим 100% зиёд шудааст
Мақомоти шаҳри Ваҳдат мегӯяд, ки сарфи назар аз назорати доимӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҳолатҳои риоя накардани талаботи қонун тамоюли афзоиш дорад
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Дар шаш моҳи соли 2026 дар шаҳри Ваҳдат, шумораи вайронкунии қонуни танзим ду баробар зиёд шудааст.
Дар ин бора дар нишасти матбуотии Мақомоти шаҳри Ваҳдат иттилоъ додааст.
Тибқи маълумоти мақомот дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 40 ҳолати вайрон намудани Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ошкор шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 ҳолат ё 100 фоиз зиёд мебошад.
Қайд карда шудааст, ки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сарфи назар аз назорати доимӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҳолатҳои риоя накардани талаботи қонун дар шаҳр тамоюли афзоиш дорад.
Мақомот ин шаҳр ҳамчунин хабар додааст, ки миёни наврасон ва ноболиғон низ қонуншиканӣ афзоиш ёфтааст.
Дар ин давра танҳо дар шаҳри Ваҳдат нисбати 271 нафар ноболиғ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, 44,6 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин гардидааст. Ҳамчунин, нисбати 205 нафар волидайн протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардидаанд.
Қайд карда шудааст, ки нисбати 271 нафар ноболиғ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2026 дар саросари Тоҷикистон 35 ҳазору 699 ҷашну маросим ба қайд гирифта шудааст.
дар шаш моҳи аввали соли равон дар додгоҳҳои кишвар вобаста ба риоя накардани талаботи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон" 704 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шудааст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 74 ҳолат зиёд мебошад.
Қайд карда шуд, ки аз шумораи умумии парвандаҳо нисбати 699 ҳолат ҷазои маъмурӣ таъйин гардида, 5 парванда аз ҷониби судҳо қатъ шудааст.