https://sputnik.tj/20260711/parvanda-naqzi-qonuni-tanzim-tojikiston-1078915279.html
704 парванда барои нақзи қонуни танзим дар Тоҷикистон
704 парванда барои нақзи қонуни танзим дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи дин эълон кардааст, ки ҳаҷми умумии ҷаримаҳои таъингардида беш аз 5 миллион сомонӣ-ро ташкил додааст
2026-07-11T11:21+0500
2026-07-11T11:21+0500
2026-07-11T11:21+0500
дар тоҷикистон
қонун
танзим
нақзи қонун
кумитаи дин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101767/61/1017676156_0:7:1600:907_1920x0_80_0_0_55f642eda3fe360aa556e6cfe86f6789.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июл - Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли 2026 дар саросари Тоҷикистон 35 ҳазору 699 ҷашну маросим ба қайд гирифта шудааст.Дар ин бора муовини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррухулло Олимзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.Вай таъкид кард, ки новобаста аз қонун дар кишвар ҳануз аз ҷониби сокинон риоян накардани қонуни танзим ба қайд гирифта мешавад.Оқои Олимзода таъкид намуд, ки дар шаш моҳи аввали соли равон дар додгоҳҳои кишвар вобаста ба риоя накардани талаботи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон" 704 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шудааст.Қайд карда шуд, ки аз шумораи умумии парвандаҳо нисбати 699 ҳолат ҷазои маъмурӣ таъйин гардида, 5 парванда аз ҷониби судҳо қатъ шудааст.Ба гуфтаи масъулини Кумитаи дин, дар ин давра комиссияҳои доимии маҳаллии танзими ҷашну маросим барои назорати риояи талаботи қонун аз ҷараёни баргузории маъракаҳо 8661 рейд гузаронидаанд.Инчунин қайд шуд, ки маблағи умумии ҷаримаҳои таъйиншуда 5 миллиону 97 ҳазору 96 сомониро ташкил дод.
https://sputnik.tj/20260514/isfara-naqzi-qonuni-tanzim-sifr-maqomot-1077533971.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101767/61/1017676156_192:0:1409:913_1920x0_80_0_0_399d6a854ab08c63e774a96f4012881c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қонун, танзим, нақзи қонун, кумитаи дин
дар тоҷикистон, қонун, танзим, нақзи қонун, кумитаи дин
704 парванда барои нақзи қонуни танзим дар Тоҷикистон
Кумитаи дин эълон кардааст, ки ҳаҷми умумии ҷаримаҳои таъингардида беш аз 5 миллион сомонӣ-ро ташкил додааст
ДУШАНБЕ, 11 июл - Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли 2026 дар саросари Тоҷикистон 35 ҳазору 699 ҷашну маросим ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора муовини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррухулло Олимзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Вай таъкид кард, ки новобаста аз қонун дар кишвар ҳануз аз ҷониби сокинон риоян накардани қонуни танзим ба қайд гирифта мешавад.
Оқои Олимзода таъкид намуд, ки дар шаш моҳи аввали соли равон дар додгоҳҳои кишвар вобаста ба риоя накардани талаботи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон" 704 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шудааст.
“Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 74 ҳолат зиёд мебошад”, - гуфт ӯ.
Қайд карда шуд, ки аз шумораи умумии парвандаҳо нисбати 699 ҳолат ҷазои маъмурӣ таъйин гардида, 5 парванда аз ҷониби судҳо қатъ шудааст.
Ба гуфтаи масъулини Кумитаи дин, дар ин давра комиссияҳои доимии маҳаллии танзими ҷашну маросим барои назорати риояи талаботи қонун аз ҷараёни баргузории маъракаҳо 8661 рейд гузаронидаанд.
Инчунин қайд шуд, ки маблағи умумии ҷаримаҳои таъйиншуда 5 миллиону 97 ҳазору 96 сомониро ташкил дод.