https://sputnik.tj/20260729/tijorati-tojikistoun-belorus-afzud-1079301879.html
Тиҷорати Тоҷикистону Белорус беш аз 6% афзуд
Тиҷорати Тоҷикистону Белорус беш аз 6% афзуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Беларус дар шаш моҳи аввали соли равон 6,3% афзоиш ёфт
2026-07-29T09:36+0500
2026-07-29T09:36+0500
2026-07-29T14:03+0500
дар тоҷикистон
белорус
ҳамкорӣ
тиҷорат
табодули мол
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/03/1075727620_0:146:3072:1874_1920x0_80_0_0_30ad2b8a518b2145516ff1ae32272b46.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Афзоиши тиҷорати мутақобила миёни Тоҷикистону Белорус дар вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар Фарҳодшоҳ аҳмонализода ва ҳамтои белорусиаш Михаил Мятликов дар пойтахти Беларус шаҳри Минск баррасӣ шуд.Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, вохӯрии мазкур дар доираи ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Белорус оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ сурат гирифт.Ҳамчунин зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкории дуҷониба, имзои шартномаҳои тиҷоратӣ ва қадамҳои стратегиро барои низоми фаъолсозии фаъолияти Шурои кории муштарак мавриди баррасӣ қарор доданд.Дар ин дидор таъкид гардид, ки робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар тамоюли рушд доранд ва ҳаҷми гардиши савдо байни давлатҳо дар шаш моҳи аввали соли 2026 6,3 фоиз афзоиш ёфтааст.Ҳамчунин дар вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки сарфи назар аз нишондиҳандаҳои мусбат иқтидори воқеии содиротии Тоҷикистон пурра истифода нашудааст.Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки занҷираҳои тиҷоратиро ба самти ҳамкории амиқи саноатӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак равона созанд.Ба иттилои вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз 27 то 30 июл дар шаҳри Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Белорус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор мегардад.Дар ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика, маориф ва тандурустиро баррасӣ менамоянд.Ҳамчунин аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа имзои Протоколи ҷаласа, Харитаи роҳ ва якчанд санади ҳамкорӣ байни субъектҳои хоҷагидори ду мамлакат дар назар аст.Дар доираи сафар намояндагони Тоҷикистон ба якчанд корхонаи саноатӣ ва кишоварзии вилояти Брест рафта, бо иқтидори истеҳсолии онҳо шинос мешаванд.
https://sputnik.tj/20260724/lukashenko-tojikiston-safir-firistod-ravobit-taqviyat-1079192644.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/03/1075727620_23:0:2754:2048_1920x0_80_0_0_7e1fcf93a3d572a32b4e7bb6877202ae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, белорус, ҳамкорӣ, тиҷорат, табодули мол, иқтисод
дар тоҷикистон, белорус, ҳамкорӣ, тиҷорат, табодули мол, иқтисод
Тиҷорати Тоҷикистону Белорус беш аз 6% афзуд
09:36 29.07.2026 (Навсозишуда: 14:03 29.07.2026) Ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Беларус дар шаш моҳи аввали соли равон 6,3% афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Афзоиши тиҷорати мутақобила миёни Тоҷикистону Белорус дар вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар Фарҳодшоҳ аҳмонализода ва ҳамтои белорусиаш Михаил Мятликов дар пойтахти Беларус шаҳри Минск баррасӣ шуд.
Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, вохӯрии мазкур дар доираи ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Белорус оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ сурат гирифт.
Ҳамчунин зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкории дуҷониба, имзои шартномаҳои тиҷоратӣ ва қадамҳои стратегиро барои низоми фаъолсозии фаъолияти Шурои кории муштарак мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин дидор таъкид гардид, ки робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар тамоюли рушд доранд ва ҳаҷми гардиши савдо байни давлатҳо дар шаш моҳи аввали соли 2026 6,3 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки сарфи назар аз нишондиҳандаҳои мусбат иқтидори воқеии содиротии Тоҷикистон пурра истифода нашудааст.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки занҷираҳои тиҷоратиро ба самти ҳамкории амиқи саноатӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак равона созанд.
Ба иттилои вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз 27 то 30 июл дар шаҳри Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Белорус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор мегардад.
Дар ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика, маориф ва тандурустиро баррасӣ менамоянд.
Ҳамчунин аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа имзои Протоколи ҷаласа, Харитаи роҳ ва якчанд санади ҳамкорӣ байни субъектҳои хоҷагидори ду мамлакат дар назар аст.
Дар доираи сафар намояндагони Тоҷикистон ба якчанд корхонаи саноатӣ ва кишоварзии вилояти Брест рафта, бо иқтидори истеҳсолии онҳо шинос мешаванд.