Лукашенко ба Тоҷикистон сафири нав фиристоду хост равобитро бештар тақвият диҳад

© Sputnik / Сергей Бобылев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Белоруссии Александр Лукашенко. Архивное фото
Президент Белоруссии Александр Лукашенко. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2026
Обуна шудан
Раҳбари Белорус аз сафири наваш дар Душанбе хост, ки ҳар сол ҳадди ақал як лоиҳаи нав бо Тоҷикистон таҳияву амалӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон сафири нав фиристод.
Сафири тозатаъйини Белорус Александр Худолеев таъин гардидааст.
Раҳбари Белорус ба ӯ дастур дод, ки ҳар сол ҳадди ақал як лоиҳа ба феҳристи лоиҳаҳои муштараки ду кишвар илова карда шавад.
"Александр Худолеев сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон таъин шудааст. То ҳол ӯ муовини аввали вазири ҳолатҳои фавқулодда буд", - хабар дод хабаргузории “Белта”.
Ба гуфтаи ин ниҳод, Лукашенко ҳангоми таъйин сафири нав қайд кардааст, ки Тоҷикистон барои Белорус кишвари хеле дӯст аст.
"Ман бояд ростқавлона бигӯям, ки ин кишвари мушкилсоз нест [барои рушди ҳамкорӣ]. Ва дар он ҷо аллакай замина гузошта шудааст. Мо бояд ҳар сол ҳадди ақал як лоиҳаи хурдро роҳандозӣ намоем ", - қайд кард раҳбари Белорус.
Вай таъкид кард, ки сафири нави Беларус "дар он ҷо истироҳат карда наметавонад".
"Дар он ҷо стратегия таҳия шудааст. Ман хеле мехоҳам, ки кор ба таври мардона ва баври низомӣ ташкил карда шавад, чунон ки аксар дар вазорати шумо (Вазорати ҳолатҳои фавқулодда) хидмат мекард", - афзуд Луашенко.
Коровник на Минском районном унитарном предприятии Агрокомбината Ждановичи.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2026
Беларус содироти маҳсулоти кишоварзиро ба Тоҷикистон 20% афзоиш дод
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Беларус 5 сентябри соли 1992 барқарор шудаанд.
Байни кишварҳо зиёда аз 100 аҳднома ва созишнома ба имзо расидааст, ки барои рушд ва таъмиқи муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо созгор мебошанд.
Муносибатҳои байниминтақавии ду кишвар бомуваффақият рушд ва таҳким меёбанд. Тоҷикистон бо вилоятҳои Минск ва Витебск, шаҳрҳои Минск ва Могилев фаъолона ҳамкорӣ менамояд.
Аз Беларус ба Тоҷикистон техника ва таҷҳизоти соҳаи хоҷагии халқ расонида мешавад.
Дар шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи беларусии “Агротехсервис” фаъолият менамояд, ки ба васлкунии техникаи хоҷагии қишлоқ ва хизматрасонии техникии он машғул аст.
Корхонаҳои Тоҷикистон бо тракторҳои тамғаҳои гуногуни истеҳсоли Белорус, мошинҳои хоҷагии қишлоқ, қисмҳои комплектӣ барои васлкунии тракторҳои Белорус таъмин карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0