https://sputnik.tj/20260729/tijorat-belarus-tojikiston-kharitai-roh-hamkori-imzo-1079302242.html
Тиҷорат зиёдтар мешавад: Беларус ва Тоҷикистон харитаи роҳи ҳамкориро ба имзо расониданд
Тиҷорат зиёдтар мешавад: Беларус ва Тоҷикистон харитаи роҳи ҳамкориро ба имзо расониданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукуматҳои Тоҷикистону Белорус талош доранд тиҷорати мутақобилро ба маротиб афзоиш диҳанд
2026-07-29T14:41+0500
2026-07-29T14:41+0500
2026-07-29T14:41+0500
дар тоҷикистон
белорус
ҳамкорӣ
иқтисод
тиҷорат
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/1c/1079303198_0:145:1280:866_1920x0_80_0_0_1aae65d4dfaa55c9f3877709f5d9fc83.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Беларус ва Тоҷикистон зимни ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Беларус ва Тоҷикистон дар бориа ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ харитаи роҳи ҳамкорӣ барои солҳои 2027-2031-ро ба имзо расониданд, хабар медиҳад хабаргузории давлатии БелТА.Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ дар шаҳри Брест баргузор шуд.Дар ин ҷаласа ҷониби Белорус вазири кишоварзӣ ва озуқаворӣ Юрий Горлов ва ҷониби Тоҷикистонро вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода намояндагӣ мекарданд.Таъкид шудааст, ки дар омодагӣ ба ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ, ҷонибҳо ҳуҷҷати стратегиро дар бораи ҳамкорӣ барои панҷ соли оянда т таҳия карданд.Ба иттилои хабаргузорӣ дар ин санад ҳамаи самтҳои ҳамкориро дар бар мегирад.“Қарорҳо ва нишондиҳандаҳои мушаххас таҳия шудаанд, ки мо бояд то соли 2031 ба онҳо ноил шавем", - гуфт Александр Яковчитс, муовини вазири кишоварзӣ ва озуқавории Белорус.Дар доираи сафари ҳайати Тоҷикистон ба шаҳри Брест инчунин як ҷаласаи муколамаи тиҷоратӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони ширкатҳои ҳарду кишвар шартномаҳоро ба маблағи тақрибан 26 миллион доллар имзо расониданд.Ба гуфтаи муовини раиси Вазорати кишоварзӣ ва озуқавории Белорус, "гардиши мол мутавозин аст."Вай илова кард, ки ҷонибҳо барои афзоиши ҳаҷми гардиши мол талош доранд.Мақомдори Белорус афзуд, ки кишвараш омода аст, хариди меваю сабзавот ва меваҳои хушк аз Тоҷикистонро афзоиш диҳад ва дар навбати худ маҳсулоти гӯштӣ ва шириро бештар содир кунад.Вай илова кард, ки шакар, доруҳои байторӣ ва картошкаи тухмӣ низ ба Тоҷикистон содир карда мешаванд.
https://sputnik.tj/20260724/lukashenko-tojikiston-safir-firistod-ravobit-taqviyat-1079192644.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/1c/1079303198_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_cce6432105a1e7652cf680abfecf5f9d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, белорус, ҳамкорӣ, иқтисод, тиҷорат, равобит
дар тоҷикистон, белорус, ҳамкорӣ, иқтисод, тиҷорат, равобит
Тиҷорат зиёдтар мешавад: Беларус ва Тоҷикистон харитаи роҳи ҳамкориро ба имзо расониданд
Ҳукуматҳои Тоҷикистону Белорус талош доранд тиҷорати мутақобилро ба маротиб афзоиш диҳанд
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Беларус ва Тоҷикистон зимни ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Беларус ва Тоҷикистон дар бориа ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ харитаи роҳи ҳамкорӣ барои солҳои 2027-2031-ро ба имзо расониданд, хабар медиҳад хабаргузории давлатии БелТА.
Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ дар шаҳри Брест баргузор шуд.
Дар ин ҷаласа ҷониби Белорус вазири кишоварзӣ ва озуқаворӣ Юрий Горлов ва ҷониби Тоҷикистонро вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода намояндагӣ мекарданд.
“Дар ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва байниминтақавӣ, ҳамкории саноатӣ ва ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ шуд. Пас аз мулоқот, нақшаи амал барои ҳамкории муштараки Белорус ва Тоҷикистон - харитаи роҳи барои солҳои 2027-2031 - аз ҷониби Юрий Горлов ва Қурбон Ҳакимзода имзо шуд", - хабар додааст манбаъ.
Таъкид шудааст, ки дар омодагӣ ба ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ, ҷонибҳо ҳуҷҷати стратегиро дар бораи ҳамкорӣ барои панҷ соли оянда т таҳия карданд.
Ба иттилои хабаргузорӣ дар ин санад ҳамаи самтҳои ҳамкориро дар бар мегирад.
“Қарорҳо ва нишондиҳандаҳои мушаххас таҳия шудаанд, ки мо бояд то соли 2031 ба онҳо ноил шавем", - гуфт Александр Яковчитс, муовини вазири кишоварзӣ ва озуқавории Белорус.
Дар доираи сафари ҳайати Тоҷикистон ба шаҳри Брест инчунин як ҷаласаи муколамаи тиҷоратӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони ширкатҳои ҳарду кишвар шартномаҳоро ба маблағи тақрибан 26 миллион доллар имзо расониданд.
"Соли гузашта, аз ҷиҳати гардиши мол байни ду кишвар, мо ба сатҳи баланди таърихӣ расидем. Маҳсулоти хӯрокворӣ саҳми асосиро (тақрибан 40%) ташкил медоданд. Ин як ҷузъи муҳим дар таъмини амнияти ғизоӣ мебошад. То соли 2024, мо 50% афзоиш доштем. Дар тӯли давраи гузашта, мо аллакай 20% тиҷоратро рушд додем", - қайд кард Яковчитс.
Ба гуфтаи муовини раиси Вазорати кишоварзӣ ва озуқавории Белорус, "гардиши мол мутавозин аст."
Вай илова кард, ки ҷонибҳо барои афзоиши ҳаҷми гардиши мол талош доранд.
Мақомдори Белорус афзуд, ки кишвараш омода аст, хариди меваю сабзавот ва меваҳои хушк аз Тоҷикистонро афзоиш диҳад ва дар навбати худ маҳсулоти гӯштӣ ва шириро бештар содир кунад.
Вай илова кард, ки шакар, доруҳои байторӣ ва картошкаи тухмӣ низ ба Тоҷикистон содир карда мешаванд.