Дар Душанбе қабули довталабон ба мактаби фановарии иттилоотӣ оғоз шуд

© Foto / Школа 21 / TelegramШкола 21 от Сбера.
Школа 21 от Сбера. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2026
Обуна шудан
Дар пойтахти Тоҷикистон нахустин қабули довталабон барои “Школа 21” оғоз ёфт. Ин як пружаи омӯзишие дар ҳавзаи фанновариҳои рақам байни Русия ва Тоҷикистон мебошад.
Парвиз Нориён, муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ дар Душанбе эълом кард, ки нахустин давраи пазириши довталабон ба “Школа 21” дар чаҳорчӯби пружаи муштараки Хадамоти алоқа, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва ширкатҳои Русия баргузор мешавад.
Тарбияти нерӯи инсонии мутахассис дар ҳавзаи фанноварии иттилоот яке аз авлавиятҳои асосии ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад. “Школа 21” ҳамчун як созмони миллӣ сабти ном шуда, ба як ниҳоди муҳим барои тарбияти мутахассисони ҳавзаи рақамӣ табдил хоҳад шуд.
“Тамоми афроди болои 18 сол, сарфи назар аз сатҳи таҳсилот, собиқаи корӣ ё дониши барноманависӣ, метавонанд дар ин барнома ширкат кунанд. Омӯзиш дар “Школа 21” комилан ройгон буда ва мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ ироа мешавад,” – гуфт Нориён.

Раванди қабул чанд марҳила дорад. Пас аз сабти ном ва озмуни онлайн, ширкаткунандагон ба марҳилаи 14-рӯзаи “ҳавз” (Piscine) роҳ меёбанд. Пас аз муваффақият дар ин марҳила, онҳо метавонанд дар яке аз беш аз 20 риштаи фанноварии иттилоот, аз ҷумла тавсеаи нармафзор, амнияти сайберӣ, таҳлили додаҳо ва дигар тахассусҳои навин омӯзиш бубинанд.
Базовая станция сотовой связи. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2026
Суръати интернети мобилӣ дар Тоҷикистон қариб панҷ маротиба афзоиш ёфтааст
Ба гуфтаи масъулони Хадамоти алоқа, дар ҳоле ки дар кишварҳои ҳамсоя ҳазорон ширкати фанноварии иттилоот ва иртиботот (ICT) фаъолият мекунанд, дар Тоҷикистон шумори ин ширкатҳо ҳанӯз андаке беш аз 250 ширкат аст.
Бо ин ҳол, тайи солҳои ахир содироти хадамоти фанноварии иттилоот дар Тоҷикистон ду баробар шуда ва соли гузашта ба 50 миллион сомонӣ расид. Ҳамчунин, Парки фанноварии иттилооти Душанбе (IT Park Dushanbe) то кунун беш аз 100 ширкатро ба унвони ширкатҳои муқим гирди ҳам овардааст.
Лентаи хабарҳо
0