Суръати интернети мобилӣ дар Тоҷикистон қариб панҷ маротиба афзоиш ёфтааст

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкДата-центр, архивное фото
Дата-центр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2026
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки суръати интернети собит дар ду соли оянда ба 100 Мбит/с расонида мешавад
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Суръати миёнаи интернети мобилӣ дар Тоҷикистон аз 7,2 Мбит/с дар аввалҳои соли 2025 то ба 35,4 Мбит/с дар соли 2026 афзоиш дода шудааст.
Дар ин бора Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, хабар додааст.
Ҳамин тариқ, дар ин давра суръати миёнаи интернети мобилӣ дар кишвар қариб панҷ маротиба афзоиш ёфтааст.
Дар маводи оҷонсӣ қайд карда мешавад, ки ин афзоиш натиҷаи як қатор чораҳо оид ба рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, васеъ кардани шабакаҳои алоқа ва беҳтар кардани сифати хизматрасониҳои пешниҳодшуда мебошад.
Ин ниҳод қайд кардааст, ки суръати интернети собит ҳоло ба 48,71 Мбит/с расонида шудаааст.
Мақомот қайд кардааст, ки раванди мазкур идома хоҳад ёфт.
Мақомот қайд кардааст, ки суръати интернети собит дар ду соли оянда ба 100 Мбит/с расонида мешавад.
Ҳамчунин мақомот гуфт фаъолияти "Starlink", ки дар Тоҷикистон расман ба фаъолият оғоз намуд, барои чӣ лозим аст.
Вышка сотовой связи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2026
Русия ба Тоҷикистон дар навсозии алоқаи мобилӣ ва интернет кумак хоҳад кард
Ин иқдом имкониятҳои дастрасӣ ба интернетро, бахусус дар минтақаҳои дурдаст ва душворгузари кишвар васеъ намуда, ба рушди инфрасохтори рақамӣ ва баланд бардоштани фарогирии хизматрасониҳои алоқа мусоидат менамояд.
Дар нимаи аввали соли 2026 дар Тоҷикистон барои вусъат бахшидани фаъолияти бемайлони истгоҳҳои базавӣ ва дастрасӣ ба шабакаи баландсуръати интернет соли ҷорӣ 383 километр хати нахи нурӣ кашида шудааст.
Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли 2025, ки 253 километрро ташкил медод 51,4 % зиёд мебошад.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 10611 километр хатҳои нахи нурии алоқа роҳандозӣ гардида, дар соли 2026 кашидани 3387 км хатҳои нахи нурӣ ба нақша гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0