https://sputnik.tj/20260728/garon-choykhonai-kharbuza-mehmonkhonai-tojikiston-kharidor-1079298459.html
Гарон аст: Чойхонаи "Харбуза" ва "Меҳмонхонаи Тоҷикистон" то ҳол харидор пайдо накарданд
Гарон аст: Чойхонаи "Харбуза" ва "Меҳмонхонаи Тоҷикистон" то ҳол харидор пайдо накарданд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, мегӯяд, ки ба далели арзиши болои чоёхонаи “Харбуза” ва “Меҳмонхонаи Тоҷикистон”, ин ду иншоотро то ҳол касе нахаридааст
2026-07-28T18:41+0500
2026-07-28T18:41+0500
2026-07-28T18:41+0500
дар тоҷикистон
сармоя
иншоот
фурӯш
меҳмонхона
харбуза
ҳисор
кумитаи сармоягузорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101726/39/1017263999_0:103:1600:1003_1920x0_80_0_0_a09afdc6df67352122c3469a5bf38184.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Бинои "Харбуза" ва "Меҳмонхонаи Тоҷикистон", ки ҳамчун амволи давлатӣ барои фурӯш пешниҳод шудаанд, то ҳол харидорони худро пайдо накардаанд.Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода иттилоъ дод.Ба гуфтаи раиси Кумита, бо вуҷуди пешниҳоди иншоот барои фурӯш, то ба ҳол сармоягузор ё харидори мувофиқ пайдо нашудааст.“Бино бар арзиши хеле бузурги бинои чойхонаи “Харбуза” ва “Меҳмонхонаи Тоҷикистон”, мутаасифона то имрӯз ин ду иншоот харидори худро пайдо накардаанд. Аз ҷумла дар бораи хариди бинои чойхонаи “Харбуза” дар ноҳияи Ҳисор, пешниҳоди соҳибкорон ҳаст. Пешниҳодҳо ҳастанд, ки маблағи биноро зина ба зина пардохт намоянд. Ҳоло ин масъала дар баррасӣ ҳукумат аст. Мутаасифона тибқи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ пардохт зина ба зина имконпазир нест. Агар соҳибкор харидор бошад бояд пулашро якуякбора пардохт кунад. Новобаста аз ин муроҷиат ҳаст, ҳукумат онро баррасӣ дорад. Дар сурати қабули қарори дахлдор ин иншоот ба фарӯш хоҳад рафт”, - гуфт ӯ.Ёдовар мешавем, ки қаблан Кумитаи сармоягузорӣ хабар дода буд, ки арзиши бинои чойхона 34,9 миллион сомонӣ (беш аз 3 миллион доллар) муайян карда шудааст.Бинои “Чойхонаи миллӣ”, ки намуди зоҳириаш ба харбуза монанд аст, соли 2015 ба ифтихори 3000-солагии шаҳри Ҳисор сохта шудааст ва ҳоло аз кор бозмонда, ба таъмир ниёз дорад.Чойхонаи “Харбуза” дар шаҳри Ҳисор, бо сармояи Муродалӣ Алимардон, раиси пешини Бонки Миллӣ ва “Агроинвестбонк” сохта шудааст.Дар гузашта чойхонаи “Харбуза” хусусӣ буд ва дар пайи қарздории “Агроинвестбонк” ба ҳисоби давлат гузашт.Чойхона аз ду ошёна иборат буда, ошёнаи дуюмаш шакли харбузаро дорад. Ба ин макон бештар сокинону сайёҳони хориҷӣ барои тамошо мерафтанд. Бар иддаои мақомот баъди ифтитоҳи чойхона 100 нафар бо кор таъмин мегардиданд, аммо ба қавли сокинон ин чойхона се моҳ фаъолият кардаасту халос.Ин раёсат ҳамчунон меҳмонхонаи "Тоҷикистон"-ро, ки қаблан ба Тоҷиддин Пирзода, саҳмдори асосии "Тоҷиксодиротбонк" марбут буд, ба фурӯш гузоштааст.Нархи ибтидоии меҳмонхона, ки низ дар маркази шаҳр ҷойгир аст, беш аз 17 миллион сомонӣ муайян шудааст. Бинобар шарҳи Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, меҳмонхона аз 139 ҳуҷра иборат буда, зиёда аз ду гектар замин дорад.
https://sputnik.tj/20260720/amonatbonk-foizho-qarzi-ipoteki-poin-khonakhari-ziyod-meshavad-1079072231.html
ҳисор
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101726/39/1017263999_180:20:1600:1085_1920x0_80_0_0_a96ed678ed1e78e61dd6cef408b93f53.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сармоя, иншоот, фурӯш, меҳмонхона, харбуза, ҳисор, кумитаи сармоягузорӣ
дар тоҷикистон, сармоя, иншоот, фурӯш, меҳмонхона, харбуза, ҳисор, кумитаи сармоягузорӣ
Гарон аст: Чойхонаи "Харбуза" ва "Меҳмонхонаи Тоҷикистон" то ҳол харидор пайдо накарданд
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, мегӯяд, ки ба далели арзиши болои чоёхонаи “Харбуза” ва “Меҳмонхонаи Тоҷикистон”, ин ду иншоотро то ҳол касе нахаридааст
ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Бинои "Харбуза" ва "Меҳмонхонаи Тоҷикистон", ки ҳамчун амволи давлатӣ барои фурӯш пешниҳод шудаанд, то ҳол харидорони худро пайдо накардаанд.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи раиси Кумита, бо вуҷуди пешниҳоди иншоот барои фурӯш, то ба ҳол сармоягузор ё харидори мувофиқ пайдо нашудааст.
“Бино бар арзиши хеле бузурги бинои чойхонаи “Харбуза” ва “Меҳмонхонаи Тоҷикистон”, мутаасифона то имрӯз ин ду иншоот харидори худро пайдо накардаанд. Аз ҷумла дар бораи хариди бинои чойхонаи “Харбуза” дар ноҳияи Ҳисор, пешниҳоди соҳибкорон ҳаст. Пешниҳодҳо ҳастанд, ки маблағи биноро зина ба зина пардохт намоянд. Ҳоло ин масъала дар баррасӣ ҳукумат аст. Мутаасифона тибқи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ пардохт зина ба зина имконпазир нест. Агар соҳибкор харидор бошад бояд пулашро якуякбора пардохт кунад. Новобаста аз ин муроҷиат ҳаст, ҳукумат онро баррасӣ дорад. Дар сурати қабули қарори дахлдор ин иншоот ба фарӯш хоҳад рафт”, - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Кумитаи сармоягузорӣ хабар дода буд, ки арзиши бинои чойхона 34,9 миллион сомонӣ (беш аз 3 миллион доллар) муайян карда шудааст.
Бинои “Чойхонаи миллӣ”, ки намуди зоҳириаш ба харбуза монанд аст, соли 2015 ба ифтихори 3000-солагии шаҳри Ҳисор сохта шудааст ва ҳоло аз кор бозмонда, ба таъмир ниёз дорад.
Чойхонаи “Харбуза” дар шаҳри Ҳисор, бо сармояи Муродалӣ Алимардон, раиси пешини Бонки Миллӣ ва “Агроинвестбонк” сохта шудааст.
Дар гузашта чойхонаи “Харбуза” хусусӣ буд ва дар пайи қарздории “Агроинвестбонк” ба ҳисоби давлат гузашт.
Чойхона аз ду ошёна иборат буда, ошёнаи дуюмаш шакли харбузаро дорад. Ба ин макон бештар сокинону сайёҳони хориҷӣ барои тамошо мерафтанд. Бар иддаои мақомот баъди ифтитоҳи чойхона 100 нафар бо кор таъмин мегардиданд, аммо ба қавли сокинон ин чойхона се моҳ фаъолият кардаасту халос.
Ин раёсат ҳамчунон меҳмонхонаи "Тоҷикистон"-ро, ки қаблан ба Тоҷиддин Пирзода, саҳмдори асосии "Тоҷиксодиротбонк" марбут буд, ба фурӯш гузоштааст.
Нархи ибтидоии меҳмонхона, ки низ дар маркази шаҳр ҷойгир аст, беш аз 17 миллион сомонӣ муайян шудааст. Бинобар шарҳи Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, меҳмонхона аз 139 ҳуҷра иборат буда, зиёда аз ду гектар замин дорад.