https://sputnik.tj/20260723/rahmon-raisi-vmkb-bartaraf-oqibathoi-sel-rushon-muhlat-1079162920.html
Раҳмон ба раиси ВМКБ барои бартараф намудани оқибатҳои сел дар Рӯшон як моҳ муҳлат дод
Раҳмон ба раиси ВМКБ барои бартараф намудани оқибатҳои сел дар Рӯшон як моҳ муҳлат дод
Sputnik Тоҷикистон
Раиси навтаъйини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода ба раисҷумҳури Тоҷикистон телефонӣ дар бораи оқибатҳои сел дар ноҳияи Рӯшон ҳисобот дод
2026-07-23T09:36+0500
2026-07-23T09:36+0500
2026-07-23T09:36+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
офати табиӣ
сел
рӯшон
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/1b/1075628852_0:124:2048:1276_1920x0_80_0_0_933f12e4bee9c5b27a4039816dd9cf13.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз бозгашт аз сафари давлатӣ ба Муғулистон бо Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода суҳбати телефонӣ анҷом дод.Зимни суҳбат раиси вилоят ба раҳбари кишвар дар бораи рафти бартарафсозии пасомадҳои офати табиӣ дар ноҳияи Рӯшон ҳисобот дод.Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ВМКБ супориш дод, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор дар муҳлати як моҳ оқибатҳои сели шадид дар ноҳияи Рӯшонро пурра бартараф намоянд.Ҳамчунин вай дастур дод, ки ба мардуми осебдида барои барқарорсозии манзилҳои зист ва дигар иншооти маишӣ кумаки фаврӣ расонанд.Қайд карда шудааст, ки кишвардори Тоҷикистон супоришҳои дахлдор ба Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва роҳбарони мақомоти масъули ҷумҳуриявӣ низ додааст.Таъкид шудааст, ки рафти корҳои барқарорсозӣ таҳти назорати бевоситаи Роҳбари давлат қарор дорад.Ёдовар мешавем, ки дар пайи фаромадани сел дар ноҳияи Рӯшон даҳҳо хона зарар дидааст.Ҳодиса 20-уми июл дар деҳаҳои Баррӯшон ва Деҳрӯшон бар асари баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии пиряхҳо рух додааст.КҲФ гуфтанд, ки бар асари сел дар деҳаи Баррӯшон – 30 хоҷагӣ ва Деҳрӯшон 10 хоҷагӣ зарар дидааст.Аз ин дар Баррӯшон 10 хона пурра хароб шудаанд, иттилоъ дод КҲФ Тоҷикистон.Дар маҷмӯъ, 198 нафар зарардида, 67 нафар ба хонаҳои пурра зарардида, 43 нафар ба хонаҳои қисман зарардида ва 88 нафар ба хонаҳои сабук зарардида рост меоянд, афзуд КҲФ.Ин ниҳод таъкид кард, ки бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Рӯшон идома дорад.Тоҷикистон имсол шоҳиди офатҳои табии зиёд шуд.Танҳо дар моҳи май бар асари омадани сел тақриба 4 нафар дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Турсунзода ҳалок ва панҷ каси дигар захмӣ шуданд.Ҳодисаи нохуши табиӣ дар шаш моҳи аввали имсол ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 52 миллион сомонӣ ё 5,7 миллион доллар зарар расондааст.
https://sputnik.tj/20260717/ofathoi-tabii-tojikiston-million-somoni-zarar-1079035672.html
рӯшон
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/1b/1075628852_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_9b7bbd1f2f005c54311b4b217d75f256.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, офати табиӣ, сел, рӯшон, вмкб
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, офати табиӣ, сел, рӯшон, вмкб
Раҳмон ба раиси ВМКБ барои бартараф намудани оқибатҳои сел дар Рӯшон як моҳ муҳлат дод
Раиси навтаъйини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода ба раисҷумҳури Тоҷикистон телефонӣ дар бораи оқибатҳои сел дар ноҳияи Рӯшон ҳисобот дод
ДУШАНБЕ, 23 июл – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз бозгашт аз сафари давлатӣ ба Муғулистон бо Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Зимни суҳбат раиси вилоят ба раҳбари кишвар дар бораи рафти бартарафсозии пасомадҳои офати табиӣ дар ноҳияи Рӯшон ҳисобот дод.
Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ВМКБ супориш дод, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор дар муҳлати як моҳ оқибатҳои сели шадид дар ноҳияи Рӯшонро пурра бартараф намоянд.
Ҳамчунин вай дастур дод, ки ба мардуми осебдида барои барқарорсозии манзилҳои зист ва дигар иншооти маишӣ кумаки фаврӣ расонанд.
Қайд карда шудааст, ки кишвардори Тоҷикистон супоришҳои дахлдор ба Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва роҳбарони мақомоти масъули ҷумҳуриявӣ низ додааст.
Таъкид шудааст, ки рафти корҳои барқарорсозӣ таҳти назорати бевоситаи Роҳбари давлат қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар пайи фаромадани сел дар ноҳияи Рӯшон даҳҳо хона зарар дидааст.
Ҳодиса 20-уми июл дар деҳаҳои Баррӯшон ва Деҳрӯшон бар асари баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии пиряхҳо рух додааст.
КҲФ гуфтанд, ки бар асари сел дар деҳаи Баррӯшон – 30 хоҷагӣ ва Деҳрӯшон 10 хоҷагӣ зарар дидааст.
Аз ин дар Баррӯшон 10 хона пурра хароб шудаанд, иттилоъ дод КҲФ Тоҷикистон.
Дар маҷмӯъ, 198 нафар зарардида, 67 нафар ба хонаҳои пурра зарардида, 43 нафар ба хонаҳои қисман зарардида ва 88 нафар ба хонаҳои сабук зарардида рост меоянд, афзуд КҲФ.
Ин ниҳод таъкид кард, ки бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Рӯшон идома дорад.
Тоҷикистон имсол шоҳиди офатҳои табии зиёд шуд.
Танҳо дар моҳи май бар асари омадани сел тақриба 4 нафар дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Турсунзода ҳалок ва панҷ каси дигар захмӣ шуданд.
Ҳодисаи нохуши табиӣ дар шаш моҳи аввали имсол ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 52 миллион сомонӣ ё 5,7 миллион доллар зарар расондааст.