Коҳиши теъдоди нафақагирон дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевПожилой человек на турнире бузкаши в Таджикистане
Пожилой человек на турнире бузкаши в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2026
Обуна шудан
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон давоми шаш моҳи соли равон дар кишвар теъдоди нафақагирон коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Дар Тоҷикистон то 1-уми июли соли ҷорӣ 876 ҳазору 990 нафақагир сабт шудааст.
Дар ин бора Абдураҳмон Ҳалимзод, раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон ахиран дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба иттилои вай, ин теъдод назар ба аввали ҳамин сол 216 нафар кам мебошад.
Қайд карда шудаааст, ки то 1-уми январи соли равон дар кишвар 877 ҳазору 206 нафақагир сабт шуда буд.
Бештари нафақагирон дар вилояти Хатлон ба сар мебаранд. Дар ин вилоят вилояти Хатлон - 313 ҳазору 283 нафақагир зиндагӣ мекунад.
Сипас дар феҳрист баъд аз вилояти Хатлон вилояти Суғд бо - 274 ҳазору 176 кас, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 175 ҳазору 641 кас, шаҳри Душанбе - 85 ҳазору 524 кас ва ВМКБ – 30 ҳазору 585 кас ҷой гирифтааст.
Аз теъдоди умумии нафақагирон 170 ҳазору 757 нфаарашон маъюбанд.
Пожилой человек сидит на скамейке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2026
Наздик ба 900 ҳазор нафар: Мақомот Тоҷикистон шумори дақиқи нафақагиронро расонаӣ кард
Тибқи иттилои расмӣ, то 1-уми майи соли 2026 дар кишвар ҳаҷми миёнаи нафақа, аз ҷумла, нафақаи суғуртавӣ ба 513 сомонӣ, нафақаи меҳнатӣ ба 646 сомонӣ ва нафақаи иҷтимоӣ ба 355 сомонӣ баробар аст.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар айни замон дар ҷумҳурӣ қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад.
Иброз гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2026 маблағгузории пардохти нафақа ба андозаи 2 миллиарду 684,1 миллион сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 198,4 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0