https://sputnik.tj/20260724/mask-nizo-ukraina-poyon-1079207053.html
Маск гуфт кай низоъ дар Украина метавонад ба поён расад
Маск гуфт кай низоъ дар Украина метавонад ба поён расад
Sputnik Тоҷикистон
Илон Маск, дар изҳороти ахири худ гуфт, ки низоъ дар Украина бидуни гузашти Ғарб ба Русия хотима нахоҳад ёфт
2026-07-24T15:41+0500
2026-07-24T15:41+0500
2026-07-24T17:55+0500
украина
амалиёти вижа
илон маск
има
ғарб
сиёсат
русия
ҳалли низоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/18/1079207548_0:60:1519:914_1920x0_80_0_0_ff5dc5cf1a59bf4ea59bc3461824cc8e.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Илон Маск, соҳибкори амрикоӣ, дар мусоҳиба бо “The Economist” гуфт, ки агар Ғарб ба Русия гузашт накунад, низоъ дар Украина хотима намеёбад."Ман муддати тӯлонӣ тарафдори сулҳ будам. Чанд сол пеш навишта будам, ки ба Русия баъзе гузаштҳо бояд кард. Ин маънои онро надорад, ки ман дар тарафи Русия ҳастам; ман танҳо прагматик будам: дар акси ҳол, одамон солҳо бе ба даст овардани чизе мемиранд. Ва маҳз ҳамин тавр шуд", - гуфт ӯ.Ин соҳибкор афзуд, аз "дипломатҳои ботаҷриба", ки дар муассисаҳои боҳашамат хӯроки шоми медиҳанд, дар ҳоле ки одамон дар хатти ҷабҳа мемиранд ва бо сари баланд дар бораи чӣ гуна хориҷ шудани Русия аз қаламравҳои озодшуда сӯҳбат мекунанд, асабонӣ шудааст аст.Маск умедвор аст, ки ба зудӣ созишномаи сулҳ ба даст оварда мешавад.Рӯзи панҷшанбе, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни мулоқот бо котиби давлатии ИМА Марко Рубио изҳор дошт, ки интиқоли силоҳ ба Украина ғайри қобили қабул аст.Вай инчунин ба сиёсати харобиовари кишварҳои аврупоӣ, ки то ҳол кӯшиш мекунанд, ки ба Русия "шикасти стратегӣ" расонанд, таваҷҷӯҳ зоҳир кард.Лавров инчунин омодагии Маскавро барои ҳалли дипломатии низоъ дар Украина ва садоқати он ба пешниҳодҳои амрикоӣ, ки дар нишасти Анкориҷ пешниҳод шуда буданд, тасдиқ кард.
https://sputnik.tj/20260724/hamlahoi-gustardai-artishi-rusiya-bandarhoi-ukraina-1079203283.html
украина
има
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/18/1079207548_168:0:1519:1013_1920x0_80_0_0_83e9fcc0d9464869687074789834c7e4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, илон маск, има, ғарб, сиёсат , русия, ҳалли низоъ
украина, амалиёти вижа, илон маск, има, ғарб, сиёсат , русия, ҳалли низоъ
Маск гуфт кай низоъ дар Украина метавонад ба поён расад
15:41 24.07.2026 (Навсозишуда: 17:55 24.07.2026) Илон Маск, дар изҳороти ахири худ гуфт, ки низоъ дар Украина бидуни гузашти Ғарб ба Русия хотима нахоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Илон Маск, соҳибкори амрикоӣ, дар мусоҳиба бо “The Economist” гуфт, ки агар Ғарб ба Русия гузашт накунад, низоъ дар Украина хотима намеёбад.
"Ман муддати тӯлонӣ тарафдори сулҳ будам. Чанд сол пеш навишта будам, ки ба Русия баъзе гузаштҳо бояд кард. Ин маънои онро надорад, ки ман дар тарафи Русия ҳастам; ман танҳо прагматик будам: дар акси ҳол, одамон солҳо бе ба даст овардани чизе мемиранд. Ва маҳз ҳамин тавр шуд", - гуфт ӯ.
Ин соҳибкор афзуд, аз "дипломатҳои ботаҷриба", ки дар муассисаҳои боҳашамат хӯроки шоми медиҳанд, дар ҳоле ки одамон дар хатти ҷабҳа мемиранд ва бо сари баланд дар бораи чӣ гуна хориҷ шудани Русия аз қаламравҳои озодшуда сӯҳбат мекунанд, асабонӣ шудааст аст.
Маск умедвор аст, ки ба зудӣ созишномаи сулҳ ба даст оварда мешавад.
Рӯзи панҷшанбе, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни мулоқот бо котиби давлатии ИМА Марко Рубио изҳор дошт, ки интиқоли силоҳ ба Украина ғайри қобили қабул аст.
Вай инчунин ба сиёсати харобиовари кишварҳои аврупоӣ, ки то ҳол кӯшиш мекунанд, ки ба Русия "шикасти стратегӣ" расонанд, таваҷҷӯҳ зоҳир кард.
Лавров инчунин омодагии Маскавро барои ҳалли дипломатии низоъ дар Украина ва садоқати он ба пешниҳодҳои амрикоӣ, ки дар нишасти Анкориҷ пешниҳод шуда буданд, тасдиқ кард.