https://sputnik.tj/20260724/maqomot-blogeron-tojikiston-daromad-1079208313.html
Мақомот гуфт блогерон дар Тоҷикистон чӣ қадар даромад гирифтаанд
Мақомот гуфт блогерон дар Тоҷикистон чӣ қадар даромад гирифтаанд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, ки блогерони тоҷик дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз ду миллион сомонӣ камтар даромад гирифтаанд
2026-07-24T16:41+0500
2026-07-24T16:41+0500
2026-07-24T17:55+0500
дар тоҷикистон
блогер
фоида
теъдод
андоз
кумитаи андоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/18/1079210263_0:0:3640:2048_1920x0_80_0_0_318618a42e9ad83bdcb0ad34e52be4ab.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Блогерони тоҷик дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 3,9 млн сомонӣ даромад гирифтаанд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2025-ум 2,1 миллион сомонӣ камтар аст.Дар ин бора дар нашрияи “Боҷу Хироҷ”, ки нашрияи расмии Кумитаи андоз мебошад навишташудааст.Ба иттилои Кумитаи андоз дар баробари коҳишёбии даромади блогерон теъдоди блогерон дар Тоҷикистон афзоиш ёфтаааст.“То аввали моҳи июл 130 нафарро ташкил додааст. Теъдоди блогерон назар ба 6 моҳи соли гузашта 21 кас бештар будааст”, - қайд кардааст манбаъ.Нашрияи “Боҷу Хироҷ”, навиштааст, ки андози блогерон дар нимаи аввали соли 2026-ум 383,3 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст, ки назар ба ним соли аввали 2025, 82 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.Кумитаи андози кишвар мегӯяд, ки як гурӯҳи шаҳрвандон ва андозсупорандагон тавассути мессенҷерҳои иҷтимоӣ ва шабакаи иҷтимоии “Ютуб” ва “Инстаграм”* каналҳои худро кушода, бо истифода аз он ба пахши видеову намоишҳо ва ҳар гуна бозиҳои бурднок машғул гардидаанд, вале на ҳамаи онҳо уҳдадориҳои андозии худро сари вақт ва дар ҳаҷми пурра иҷро менамоянд.Қайд карда шудааст, ки ки дар ним соли гузашта 4 ҳазору 670,3 сомонӣ эҳтимоли кам ҳисоб шудани андоз ошкор шуда, баъд аз дастрас кардани огоҳинома аз ин ҳисоб ба буҷаи давлат 3 ҳазору 529,3 сомонӣ андоз ворид гардид.Дар ин баробар, Кумитаи андоз ба суроғаи 26 блогер барои сабти ном карданашон ба сифати андозсупоранда огоҳинома фиристодааст.* - Meta (шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Инстаграм) дар Русия ҳамчун экстремистӣ манъ карда шудааст.
https://sputnik.tj/20260722/jazoi-bloger-pahni-navorhoi-ghayriakhloqi-tojikiston-1079134821.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/18/1079210263_630:0:3361:2048_1920x0_80_0_0_529882dc856bd1db9b2f0a682a1c913b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, блогер, фоида, теъдод, андоз, кумитаи андоз
дар тоҷикистон, блогер, фоида, теъдод, андоз, кумитаи андоз
Мақомот гуфт блогерон дар Тоҷикистон чӣ қадар даромад гирифтаанд
16:41 24.07.2026 (Навсозишуда: 17:55 24.07.2026) Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, ки блогерони тоҷик дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз ду миллион сомонӣ камтар даромад гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Блогерони тоҷик дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 3,9 млн сомонӣ даромад гирифтаанд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2025-ум 2,1 миллион сомонӣ камтар аст.
Дар ин бора дар нашрияи “Боҷу Хироҷ”, ки нашрияи расмии Кумитаи андоз мебошад навишташудааст.
Ба иттилои Кумитаи андоз дар баробари коҳишёбии даромади блогерон теъдоди блогерон дар Тоҷикистон афзоиш ёфтаааст.
“То аввали моҳи июл 130 нафарро ташкил додааст. Теъдоди блогерон назар ба 6 моҳи соли гузашта 21 кас бештар будааст”, - қайд кардааст манбаъ.
Нашрияи “Боҷу Хироҷ”, навиштааст, ки андози блогерон дар нимаи аввали соли 2026-ум 383,3 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст, ки назар ба ним соли аввали 2025, 82 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Кумитаи андози кишвар мегӯяд, ки як гурӯҳи шаҳрвандон ва андозсупорандагон тавассути мессенҷерҳои иҷтимоӣ ва шабакаи иҷтимоии “Ютуб” ва “Инстаграм”* каналҳои худро кушода, бо истифода аз он ба пахши видеову намоишҳо ва ҳар гуна бозиҳои бурднок машғул гардидаанд, вале на ҳамаи онҳо уҳдадориҳои андозии худро сари вақт ва дар ҳаҷми пурра иҷро менамоянд.
Қайд карда шудааст, ки ки дар ним соли гузашта 4 ҳазору 670,3 сомонӣ эҳтимоли кам ҳисоб шудани андоз ошкор шуда, баъд аз дастрас кардани огоҳинома аз ин ҳисоб ба буҷаи давлат 3 ҳазору 529,3 сомонӣ андоз ворид гардид.
Дар ин баробар, Кумитаи андоз ба суроғаи 26 блогер барои сабти ном карданашон ба сифати андозсупоранда огоҳинома фиристодааст.
* - Meta (шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Инстаграм) дар Русия ҳамчун экстремистӣ манъ карда шудааст.