Ҷазои 23 блогер барои паҳни наворҳои ғайриахлоқӣ дар Тоҷикистон

© unsplash / Jesus Loves AustinСъемки на видеокамеру. Иллюстративное фото
Съемки на видеокамеру. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2026
Обуна шудан
Мақомои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон теъдоде аз блогер барои паҳн кардани наворҳои ғайриахлоқӣ боздошту ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд
ДУШАНБЕ, 22 июл – Sputnik. Дар шаш моҳи соли равон 23 блогер барои нашру паҳни наворҳои ғайриахлоқӣ ҷазо гирифтанд.
Дар ин бора Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати корҳои дохилии пойтахт дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
“Дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар шаҳри Душанбе 23 блогер барои паҳн кардани наворҳои ғайриахлоқӣ боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки аз ин теъдод “9 кас то 15-рӯзӣ ҳабси маъмурӣ шуда, 14 каси дигар аз 500 то 700 сомонӣ ҷарима шуданд”.
Дар ҳамин ҳол, қайд карда шуд, ки дар шаш моҳи соли равон дар кишвар 11 ҳазору 731 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳазору 89 ҷиноят коҳиш ёфтааст.
Девушка-видеоблогер.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2026
Мақомот шумору даромади блогерҳои Тоҷикистонро ошкор кард
Аз ҷумла, одамкушӣ ва сӯиқасд ба он – 41, роҳзанӣ – 18, ғоратгарӣ – 46, таҷовуз ба номус – 13, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ – 53, авбошӣ – 743, одамрабоӣ 5 , ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва тайёр кардани силоҳ 17, тамаъҷӯӣ 23, муомилот, ғайриқонунӣ тайёр кардан, нигоҳ доштан ва интиқоли воситаҳои нашъадор 502, қаллобӣ – 2002, дуздӣ – 1814 ҳолат ба ҳисоб гирифта шудаанд.
Тавре Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон “генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон “-иттилоъ дод, сатҳи ошкоркунии ҷиноятҳо 71 фоизро ташкил намуда, ҳамзамон шумораи як қатор ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла қаллобӣ ва дуздӣ коҳиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0