Беларус содироти маҳсулоти кишоварзиро ба Тоҷикистон 20% афзоиш дод

© Sputnik / Евгений БиятовКоровник на Минском районном унитарном предприятии Агрокомбината "Ждановичи".
Коровник на Минском районном унитарном предприятии Агрокомбината Ждановичи.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2026
Обуна шудан
Тоҷикистону Белорус ҳамкориҳо дар бахши кишоварзиро ба натиҷаҳои мушаххас расонидаанд
ДУШАНБЕ, 19 июл – Sputnik. Белорус содироти маҳсулоти кишоварзии худро ба Тоҷикистон дар панҷ моҳи охир 20% афзоиш додааст.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзӣ ва хӯроквории Беларус хабар додааст.
Ахиран ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ оид ба рушди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон тавассути видеоконфронс таҳти раёсати вазири кишоварзӣ ва хӯроквории белорус Юрий Горлов бо ҳамтоёни тоҷики худ баргузор гардид.
Тарафҳо масъалаҳои амиқтар кардани робитаҳои дуҷониба ва омодагӣ ба ҷаласаи 19-уми комиссияро, ки дар охири моҳи июл дар Брест баргузор мешавад, баррасӣ карданд.
"Комплекси агросаноатӣ омили боэътимоди муносибатҳои мутақобилан судманд боқӣ мемонад. То охири соли 2025, савдои маҳсулоти хӯрокворӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ аз нишондиҳандаҳои соли гузашта 61,4% зиёдтар буд, дар ҳоле ки содирот 63,4% афзоиш ёфт. Ин тамоюли мусбат дар соли 2026 низ идома дорад: дар панҷ моҳи аввал содирот қариб 20% афзоиш ёфт. Содироти Беларус асосан аз гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шакар ва маҳсулоти ширӣ иборат аст, ки ҳаҷми онҳо қариб се маротиба афзоиш ёфтааст", - қайд кард вазорати кишоварзии Белорус.
Ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аз замонҳои қадим аз доираи тиҷорати оддӣ берун рафта, ҳамкорӣ дар бахши саноат, сохтмон, нақлиёт ва тандурустиро дар бар мегирад.
Сбор урожая черешни и вишни - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2026
Тоҷикистон содироти зардолу, гелос ва олуро ба Русия оғоз кард
Қайд карда шуд, ки миёни ду кишвар дар бахши кишоварзӣ натиҷаҳои мушаххас ба омадааст: нӯҳ доруи ветеринарии истеҳсоли Беларус дар бозори Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Муколамаи илмӣ низ фаъолона рушд мекунад: муассисаҳои таҳсилоти олии Беларус бо чор маркази тадқиқотии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд.
"Вохӯрии дарпешистода дар Брест як марҳилаи нав дар диверсификатсияи содирот ва тақвияти шарикии байни ду кишвар хоҳад буд", - афзуд хадамоти матбуоти вазорати кишоварзии Белорус.
Лентаи хабарҳо
0