https://sputnik.tj/20260717/ofathoi-tabii-tojikiston-million-somoni-zarar-1079035672.html
Офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон даҳҳо миллион сомонӣ зарар расонидааст
Офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон даҳҳо миллион сомонӣ зарар расонидааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар моҳҳои охир бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 12 нафар ҷон бохтааст
2026-07-17T16:41+0500
2026-07-17T16:41+0500
2026-07-17T16:41+0500
дар тоҷикистон
офати табиӣ
кҳф
хисорот
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/14/1049352788_0:76:1032:657_1920x0_80_0_0_e73734ded04a631b463bf86d36602618.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июл – Sputnik. Бар асари офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои кишвар ба маблағи 52 миллиону 827 ҳазор сомонӣ зарар расидааст.Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.Ба гуфтаи вай, дар шашмоҳаи якуми соли 2026 дар қаламрави ҷумҳурӣ 741 ҳодиса ва ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 519 ҳолат зиёд мебошад.Раиси КҲФ хабар дод, ки аз ин шумора 123 ҳодисаро сел, 508 ҳолатро фаромадани тарма, 27 ҳолатро сангрезӣ, 26 ҳолатро заминларза, 27 ҳолатро шамоли сахт, 10 ҳолатро ярч, 11 ҳолатро бориши шадиди борон, 4 ҳолатро болоравии сатҳи об, 4 ҳолатро бориши зиёди барф ва 1 ҳолатро раъду барқ ташкил додааст.Вай илова кард, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ 12 нафар ба ҳалокат расидааст, ки нисбат ба шашмоҳаи соли 2025 6 нафар зиёд мебошад.Ба иттилои сардори КҲФ Тоҷикистон, воҳидҳои наҷотдиҳии кумита 686 баромади фаврӣ-амалиётӣ анҷом дода, 47 шаҳрвандро наҷот доданд.Ҳамзамон зимни корҳои наҷотдиҳӣ 60 нафар аз минтақаҳои хатарнок ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.
https://sputnik.tj/20260622/maqomoti-panjakent-dehai-roji-dehoti-amodara-khisoroti-jiddi-1078484297.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/14/1049352788_0:0:1032:774_1920x0_80_0_0_2ce7cf9879f71dbaa87b262be8303baf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, офати табиӣ, кҳф, хисорот, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, омор
дар тоҷикистон, офати табиӣ, кҳф, хисорот, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, омор
Офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон даҳҳо миллион сомонӣ зарар расонидааст
Дар моҳҳои охир бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 12 нафар ҷон бохтааст
ДУШАНБЕ, 17 июл – Sputnik. Бар асари офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои кишвар ба маблағи 52 миллиону 827 ҳазор сомонӣ зарар расидааст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вай, дар шашмоҳаи якуми соли 2026 дар қаламрави ҷумҳурӣ 741 ҳодиса ва ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 519 ҳолат зиёд мебошад.
Раиси КҲФ хабар дод, ки аз ин шумора 123 ҳодисаро сел, 508 ҳолатро фаромадани тарма, 27 ҳолатро сангрезӣ, 26 ҳолатро заминларза, 27 ҳолатро шамоли сахт, 10 ҳолатро ярч, 11 ҳолатро бориши шадиди борон, 4 ҳолатро болоравии сатҳи об, 4 ҳолатро бориши зиёди барф ва 1 ҳолатро раъду барқ ташкил додааст.
“Шумораи умумии ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ дар 28 ҳолат ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 52 миллиону 827 ҳазор сомонӣ зарар расидааст”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ 12 нафар ба ҳалокат расидааст, ки нисбат ба шашмоҳаи соли 2025 6 нафар зиёд мебошад.
Ба иттилои сардори КҲФ Тоҷикистон, воҳидҳои наҷотдиҳии кумита 686 баромади фаврӣ-амалиётӣ анҷом дода, 47 шаҳрвандро наҷот доданд.
Ҳамзамон зимни корҳои наҷотдиҳӣ 60 нафар аз минтақаҳои хатарнок ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.