Дар Тоҷикистон барои рафтан ба пеши фолбин ҷозо таъйин карданиянд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкГадание на картах Таро
Гадание на картах Таро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2025
Обуна шудан
Аз Ҳукумат ба порлумони кишвар пешниҳод расидааст, ки тибқи он барои рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо ва истифода аз кори онҳо ҷазо таъйин карда шавад
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Тибқи ин санади пешниҳодшуда, ба моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон банди нав бо номи “истифодабарӣ аз хизматрасонии сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин” илова карда мешавад.
Дар сурати қабул шудани ин тағйирот аз сӯи порлумон, онҳое, ки ба наздик сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин мераванд аз 5 то 10 (то 750 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки як нишондиҳанда барои ҳисобҳо имсол 75 сомониро ташкил медиҳад.
Соли ахир мақомоти Тоҷикистон мубориза бар зидди фолбин ва ҷодугарҳо пурзур кардааст. Тақрибан ҳар рӯз ВКД аз боздошти фолбину ҷодугарҳо дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мақомоти Тоҷикистон борҳо ба сокинон ҳушдор додаанд, ки аз рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо худдорӣ кунанд.
Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2021
Бозори ҷоду: аз ҳушдорҳои ВУД то шарҳи Шӯрои уламо дар бораи муолиҷаи нафари ҷодушуда
Соли 2024 дар Тоҷикистон барои фолбинӣ ва соҳирӣ ҷазо таъйин шуда буд. Бино ба тағйирот ба моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ҷарима ба андозаи аз 80 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз таъин карда мешавад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қаблан эълон карда буд, ки нафаронеро, ки ба назди фолбину ҷодугар мераванд, ба мақомот даъват карда, ному аксҳояшонро дар махзани ВКД мегузорад.
Тибқи иттилои ахири Вазорати корҳои дохилӣ, дар нимаи аввали соли равон 495 ҳолати машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дар ҳудуди кишвар сабт гардидааст.
Тибқи иттилои ахаири Раёсати корҳои дохилии Душанбе мегӯяд, танҳо дар шаш моҳи соли равон дар пойтахти кишвар 90 кас барои фолбинӣ ва ҷодугарӣ ҷазо гирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0