Наздик ба 900 ҳазор нафар: Мақомот Тоҷикистон шумори дақиқи нафақагиронро расонаӣ кард

© Sputnik / Стас ЭтвешПожилой человек сидит на скамейке, архивное фото
Пожилой человек сидит на скамейке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2026
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки сиёсати иҷтимоии давлат дар самти ҳифзи қишрҳои ниёзманди аҳолӣ самаранок амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 30 апр - Sputnik. Ба ҳолати 1 апрели соли 2026 шумораи умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ 838 ҳазору 850 нафарро ташкил медиҳад, иттилоъ додааст Агентии омори Тоҷикистон.
Ба иттилои Агентӣ дар моҳҳои январ–марти соли 2026 дар Тоҷикистон маблағи умумии пардохти нафақа ва ёрдампулӣ аз ҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон ва муассисаҳои "Амонатбонк" ба 1 миллиарду 211,3 миллион сомонӣ баробар гардидааст.
Қайд карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 101,5 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 6,9%-ро ташкил медиҳад.
Агентии омори Тоҷикистон ҳамчунин қайд кардааст, ки аз маблағи умумии пардохтшуда 1 миллиарду 101,6 миллион сомонӣ тавассути муассисаҳои "Амонатбонк" амалӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9% афзоиш ёфтааст.
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2026
Даромадҳои аҳолии Тоҷикистон афзойиш ёфт - Агентии омор
Ин ниҳоди давлатӣ таъкид кардааст, ки нишондиҳандаҳои мавҷуда аз устувории низоми пардохти нафақа ва тадриҷан беҳтар гардидани сатҳи таъминоти иҷтимоии аҳолӣ шаҳодат медиҳанд.
Афзоиши ҳаҷми маблағгузорӣ ва фарогирии васеи нафақагирон нишон медиҳад, ки сиёсати иҷтимоии давлат дар самти ҳифзи қишрҳои ниёзманди аҳолӣ самаранок амалӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0