Гулмаҳмадзода: Сулҳи тоҷикон метавонад намунаи ҳалли даргириҳои дохилӣ дар дунё шавад
14:58 22.07.2026 (Навсозишуда: 15:12 22.07.2026)

© Sputnik / Алексей Майшев
/ Обуна шудан
Маҷмаи Умумии СММ давраи солҳои 2027-2036-ро Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда эълон мекунад
ДУШАНБЕ, 22 июл – Sputnik. Дар Маскав қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда", ки бо ташаббуси раисҷумҳури Тоҷикистон қабул шуд, муаррифӣ гардид.
Дар қатънома, аз ҷумла қатъияти "наҷоти наслҳои оянда аз балои ҷанг" ва уҳдадории ҳалли баҳсҳо бо роҳҳои осоишта, таъкид мешавад, иттилоъ дод хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз маросими муаррифӣ.
Мувофиқи муқаррароти ин қатънома, Маҷмаи Умумӣ давраи солҳои 2027-2036-ро Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда эълон мекунад.
Ҳадафи ин Даҳсола таблиғи сулҳ, ташвиқи муколама ва оштӣ ва дастгирии ҳамкорӣ байни наслҳо мебошад, изҳор дошт сафири Тоҷикистон дар Русия, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода.
Ин санад махсусан дар шароите, ки миллионҳо нафар дар минтақаҳои мухталиф дучори чолишҳои амниятӣ мебошанд, муҳим арзёбӣ гардид.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни муаррифии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда", ки бо ташаббуси раисҷумҳури Тоҷикистон қабул шуд, изҳор дошт, ки заминаи ин санад таҷрибаи сулҳи тоҷикон мебошад, иттилоъ дод хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
"Бо наҷот ёфтан аз ҷанги фоҷиабори шаҳрвандии солҳои 1990, мардуми тоҷик тавонистанд ба сулҳу оштӣ ноил шаванд", - ёдовар шуд дипломат.
Сиёсатмадор афзуд, ки ин лаҳзаи оштии миллӣ аз ҷониби СММ ва ҷомеаи коршиносони байналмилалӣ ҳамчун яке аз муваффақтарин ва муассиртарин намунаҳои рафъи бӯҳронҳои дохилӣ дар тӯли таърих эътироф шудааст