https://sputnik.tj/20260722/parvandahoi-atboi-khoriji-tojikiston-ravona-zindon-1079147043.html
"Парвандаҳои атбои хориҷӣ": Тоҷикистон чанд нафарро равонаи зиндон кард?
"Парвандаҳои атбои хориҷӣ": Тоҷикистон чанд нафарро равонаи зиндон кард?
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаш моҳи гузашта, додгоҳҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳои кишвар 8 парвандаро бар асоси шикояти шаҳрвандони хориҷӣ баррасӣ карда ва дар мавриди онҳо аҳкоми додгоҳӣ содир кардаанд
2026-07-22T14:21+0500
2026-07-22T14:21+0500
2026-07-22T17:56+0500
додгоҳи олӣ
дар тоҷикистон
парванда
шаҳрванди хориҷӣ
зиндон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/16/1079147858_0:61:1053:653_1920x0_80_0_0_34a46ce106e4923f5fe0da2e46b05f63.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июл – Sputnik. Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар шаш моҳи гузашта беш аз 20 шаҳрванди кишварҳои хориҷиро ба зиндон маҳкум кардааст.Бештари онҳо шаҳрвандони Афғонистон ҳастанд, ки умдатан ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир маҳкум шудаанд.Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ ва дар посух ба пурсиши Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар солҳои ахир ҳузури шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ба таври чашмгир афзоиш ёфтааст.Бар асоси иттилооти Додгоҳи Олии Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли ҷорӣ 39 парванда дар додгоҳҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳои кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар натиҷа 23 нафар ба ҳабс бо муҳлатҳои гуногун ва як нафар низ ба анҷоми корҳои иҷборӣ маҳкум гардидааст.Раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба таври умумӣ тавзеҳ дод, ки атбои хориҷӣ умдатан бар асоси моддаҳои 212 (нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва истифода аз воситаҳои нақлиёт), 200 (муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ё маводи рӯҳгардон (психотропӣ)), 289 (қочоқ) ва моддаи 335 (убури ғайриқонунӣ аз марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) муттаҳам мешаванд.“Бештари афроде, ки ба қочоқи маводи мухаддир ва убури ғайриқонунии марз муттаҳам шудаанд, шаҳрвандони Афғонистон мебошанд”,- афзуд ӯ.Бар асоси иттилооти Додгоҳи Олии Тоҷикистон, дар миёни атбои хориҷии маҳкумшуда, бештарин шумора, яъне 13 нафар, шаҳрвандони Афғонистон мебошанд. Дигар маҳкумшудагон шаҳрвандони Ӯзбекистон, Қирғизистон, Чин, Олмон, Эрон, Қазоқистон, Русия ва Покистон ҳастанд.Раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон таъкид кард, ки атбои хориҷие, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, муваззафанд қавонини ҷории ҷумҳуриро риоят кунанд.Бар асоси иттилооти Додгоҳи Олии Тоҷикистон, дар шаш моҳи гузашта, додгоҳҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳои кишвар 8 парвандаро бар асоси шикояти шаҳрвандони хориҷӣ баррасӣ карда ва дар мавриди онҳо аҳкоми додгоҳӣ содир кардаанд. Аз ин миён, 3 парванда ҳуқуқӣ (маданӣ) ва 5 парванда хонаводагӣ будааст.
https://sputnik.tj/20260624/shahrvandoni-khoriji-tojikiston-khona-1078554006.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/16/1079147858_0:0:1138:853_1920x0_80_0_0_950de704b8c072790f4c686d5fbf2078.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
додгоҳи олӣ, дар тоҷикистон, парванда, шаҳрванди хориҷӣ, зиндон
додгоҳи олӣ, дар тоҷикистон, парванда, шаҳрванди хориҷӣ, зиндон
"Парвандаҳои атбои хориҷӣ": Тоҷикистон чанд нафарро равонаи зиндон кард?
14:21 22.07.2026 (Навсозишуда: 17:56 22.07.2026) Дар шаш моҳи гузашта, додгоҳҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳои кишвар 8 парвандаро бар асоси шикояти шаҳрвандони хориҷӣ баррасӣ карда ва дар мавриди онҳо аҳкоми додгоҳӣ содир кардаанд
ДУШАНБЕ, 22 июл – Sputnik. Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар шаш моҳи гузашта беш аз 20 шаҳрванди кишварҳои хориҷиро ба зиндон маҳкум кардааст.
Бештари онҳо шаҳрвандони Афғонистон ҳастанд, ки умдатан ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир маҳкум шудаанд.
Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ ва дар посух ба пурсиши
Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар солҳои ахир ҳузури шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ба таври чашмгир афзоиш ёфтааст.
“Онон танҳо барои гардишгарӣ ба Тоҷикистон намеоянд, балки дар кишвари мо кору зиндагӣ низ мекунанд ва шуморе аз онҳо қавонини моро низ нақз мекунанд”, - гуфт ӯ.
Бар асоси иттилооти Додгоҳи Олии Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли ҷорӣ 39 парванда дар додгоҳҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳои кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар натиҷа 23 нафар ба ҳабс бо муҳлатҳои гуногун ва як нафар низ ба анҷоми корҳои иҷборӣ маҳкум гардидааст.
Раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба таври умумӣ тавзеҳ дод, ки атбои хориҷӣ умдатан бар асоси моддаҳои 212 (нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва истифода аз воситаҳои нақлиёт), 200 (муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ё маводи рӯҳгардон (психотропӣ)), 289 (қочоқ) ва моддаи 335 (убури ғайриқонунӣ аз марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) муттаҳам мешаванд.
“Бештари афроде, ки ба қочоқи маводи мухаддир ва убури ғайриқонунии марз муттаҳам шудаанд, шаҳрвандони Афғонистон мебошанд”,- афзуд ӯ.
Бар асоси иттилооти Додгоҳи Олии Тоҷикистон, дар миёни атбои хориҷии маҳкумшуда, бештарин шумора, яъне 13 нафар, шаҳрвандони Афғонистон мебошанд. Дигар маҳкумшудагон шаҳрвандони Ӯзбекистон, Қирғизистон, Чин, Олмон, Эрон, Қазоқистон, Русия ва Покистон ҳастанд.
Раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон таъкид кард, ки атбои хориҷие, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, муваззафанд қавонини ҷории ҷумҳуриро риоят кунанд.
“Дар моддаи 17 Қонуни асосии Тоҷикистон омадааст, ки ҳама, новобаста аз дин, мазҳаб, миллат ва дигар вижагиҳои фардӣ, дар баробари қонун ва додгоҳ баробар ҳастанд”, - гуфт ӯ.
Бар асоси иттилооти Додгоҳи Олии Тоҷикистон, дар шаш моҳи гузашта, додгоҳҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳои кишвар 8 парвандаро бар асоси шикояти шаҳрвандони хориҷӣ баррасӣ карда ва дар мавриди онҳо аҳкоми додгоҳӣ содир кардаанд. Аз ин миён, 3 парванда ҳуқуқӣ (маданӣ) ва 5 парванда хонаводагӣ будааст.