https://sputnik.tj/20260624/shahrvandoni-khoriji-tojikiston-khona-1078554006.html
Шаҳрвандони хориҷӣ минбаъд метавонанд дар Тоҷикистон хона харанд
Шаҳрвандони хориҷӣ минбаъд метавонанд дар Тоҷикистон хона харанд
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи қонуни нав шаҳрвандони хориҷӣ танҳо дар минтақаҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон муайян карда мешаванд, акнун метавонанд манзил харанд
2026-06-24T19:31+0500
2026-06-24T19:31+0500
2026-06-24T19:31+0500
дар тоҷикистон
хона
манзил
қонун
шаҳрвандони хориҷӣ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/06/1032033680_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_85598c06431a112ec8c89d264f8da49a.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июн - Sputnik. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд" тағйирот ворид кард.Тибқи тағйироти ҷадид ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд иҷозаи харидории манзил дар минтақаҳои муайяншуда дода мешавад.Дар ҷаласаи ахири парлумон зимни баррасии ин масъала таъкид гардид, минбаъд хориҷиён на дар тамоми қаламрави кишвар, балки танҳо дар минтақаҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон муайян карда мешаванд, метавонанд манзил харанд.Ба гуфтаи вакили парлумони Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, ҳадаф аз ворид намудани тағйирот такмили қонунгузорӣ ва танзими масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд нисбат ба манзил дар Тоҷикистон мебошад.Қайд карда шудааст, ки то имрӯз шаҳрвандони хориҷӣ метавонистанд манзилро танҳо ба истифодаи муваққатӣ гиранд, аммо ҳуқуқи харидорӣ ва ба номи худ ба расмият даровардани биною манзилро надоштанд.
https://sputnik.tj/20260608/nisf-manzil-navbunyod-tojikiston-dushanbe-omor-1078144977.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/06/1032033680_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_2ddb4b20a3ce67b1f88d11bb9f9bc2e7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, хона, манзил, қонун, шаҳрвандони хориҷӣ, сиёсат
дар тоҷикистон, хона, манзил, қонун, шаҳрвандони хориҷӣ, сиёсат
Шаҳрвандони хориҷӣ минбаъд метавонанд дар Тоҷикистон хона харанд
Тибқи қонуни нав шаҳрвандони хориҷӣ танҳо дар минтақаҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон муайян карда мешаванд, акнун метавонанд манзил харанд
ДУШАНБЕ, 24 июн - Sputnik. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд" тағйирот ворид кард.
Тибқи тағйироти ҷадид ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд иҷозаи харидории манзил дар минтақаҳои муайяншуда дода мешавад.
Дар ҷаласаи ахири парлумон зимни баррасии ин масъала таъкид гардид, минбаъд хориҷиён на дар тамоми қаламрави кишвар, балки танҳо дар минтақаҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон муайян карда мешаванд, метавонанд манзил харанд.
Ба гуфтаи вакили парлумони Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, ҳадаф аз ворид намудани тағйирот такмили қонунгузорӣ ва танзими масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд нисбат ба манзил дар Тоҷикистон мебошад.
Қайд карда шудааст, ки то имрӯз шаҳрвандони хориҷӣ метавонистанд манзилро танҳо ба истифодаи муваққатӣ гиранд, аммо ҳуқуқи харидорӣ ва ба номи худ ба расмият даровардани биною манзилро надоштанд.