Кишварҳои ИИАО метавонанд бо шартҳои нав фардо фурӯши молро ба Муғулистон ба роҳ монанд

© REUTERS /Leon KuegelerКонтейнерный терминал. Иллюстративное фото
Контейнерный терминал. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2026
Обуна шудан
Созишнома муваққатӣ дар бораи тиҷорати озод бо Муғулистон дар рӯзҳои наздтик эътибор пайдо мекунад
ДУШАНБЕ, 22 июл – Sputnik. Барои таъминкунандагон аз Қирғизистон ва дигар кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё шароити беназир барои тиҷорат бо Муғулистон фароҳам оварда шудааст.
Созишномаи тиҷоратии Иттиҳод бо ин кишвар фардо эътибор пайдо мекунад.
Боҷҳои гумрукӣ барои садҳо номгӯй кам ё аз байн бурда шуданд, ки 90 фоизи гардиши савдоро фаро мегиранд.
"Истеҳсолкунандагони мо метавонанд доираи васеи молҳои хӯрокворӣ ва саноатиро содир кунанд: маҳсулоти ширӣ, нӯшокиҳо, қаннодӣ ва шоколад, мошинҳои сабукрав ва боркаш, косметика ва атриёт ва дигар молҳои истеъмолӣ", - гуфт вазири тиҷорати Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё Андрей Слепнев.
Танкер-газовоз Grand Elena у причала завода по производству СПГ в п. Пригородное.   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2026
Тоҷикистон воридоти гази моеъро афзоиш дод: кишварҳои узви ИИАО таъминкунандаи аслиянд
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ буда, дорои шахсияти ҳуқуқии байналмилалӣ буда, тибқи Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъсис ёфтааст.
Иттиҳод ҳаракати озоди молҳо, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ, инчунин татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда, мувофиқашуда ё муттаҳидшударо дар бахшҳои иқтисодӣ таъмин мекунад. Аъзоёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд.
Аз соли 2015 инҷониб, Тоҷикистон масъалаи пайвастан ба Иттиҳодро баррасӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0