Тоҷикистон воридоти гази моеъро афзоиш дод: кишварҳои узви ИИАО таъминкунандаи аслиянд

© Sputnik / Сергей КрасноуховТанкер-газовоз "Grand Elena" у причала завода по производству СПГ в п. Пригородное.
Танкер-газовоз Grand Elena у причала завода по производству СПГ в п. Пригородное.   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2026
Обуна шудан
Тоҷикистон сар аз аввали сол ҳар тонна гази моеърот бо нархи миёнаи 681 доллар аз ду кишвар узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё харидорӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Тоҷикистон воридоти гали моеъ аз хориҷаро афзоиш додаас.
Ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 241,1 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 164,3 млн доллар ворид кардааст.
Дар ин бора Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон иттилоъ, афзудааст, ки ҳар тонна бо нархи миёнаи 681 доллар харидорӣ шуда, нархи миёнаи воридотии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бетағйир боқӣ мондааст.
Таъкид шудааст, ки воридот нисбати ҳамин давраи соли гузашта 64,2 ҳазор тонна зиёд шуда, кишварҳои узви ИИАО таъминкунандаи асосии ҷумҳурӣ бо ин маводи сухт мебошанд.
Очереди на автозаправках в Минске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2026
“Ҷои нигаронӣ нест”: мақомоти Тоҷикистон дар бораи буҳрони сӯхт
Ба гузориши хадамот, беш аз 65,9% ва ё 158,9 ҳазор тонна гази моеъ ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон аз Қазоқистон ворид гардидааст.
Ҳамзамон 82,2 ҳазор тонна ё 34,1% аз Федератсияи Россия мебошад.
Ба иттилои ин ниҳод, дар маҷмуъ дар бозори гази моеъи Тоҷикистон дар давоми шашмоҳа 16 субъекти хоҷагидор фаъолият дошта, инҳисор дар ин бахш нест.
Ширкатҳои ҶДММ “Темур ойл” бо ҳиссаи 17,6%, ҶДММ “Аллат” бо ҳиссаи 16,5%, ҶДММ “Октан сервис” 10,1% пешгомони воридкунандаи ин маводи сухт ба кишвар ҳастанд.
Ҳамзамон дар ин бахш ҳиссаи дигар ширкатҳои ватаниву хориҷӣ чунин аст: ҶДММ “Ғайрат 82” 9,8%, ҶДММ “Газпромнефт Тоҷикистон” 7,6%, ҶДММ “Эмом импорт экспорт” 7,5%, ҶДММ “Баҳор” 4,3%, ҶДММ “Мабдаи Нур” 4,3%, ҶДММ “Ирис” 4,2%, ҶДММ “Нури Дилшод 3,7%ва дигар субъектҳо бо ҳиссаи 14,4%.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъкид намудаст, ки дар доираи ваколатҳои худ, барои муътадил нигоҳ доштани нарх дар бозори кишвар ва пешгирии ҳолатҳои беасос баланд кардани он мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Лентаи хабарҳо
0