Мақомот шумору даромади блогерҳои Тоҷикистонро ошкор кард

© unsplash / Vitaly GarievДевушка-видеоблогер.
Девушка-видеоблогер.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2026
Обуна шудан
Ба ҳолати 1 январ дар мақомоти андоз 119 адад субъект, ки дар Интернет ва месенҷерҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти блогерӣ машғуланд, ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 16 фев – Sputnik. Ба иттилои Кумитаи андоз як гурӯҳи шаҳрвандон ва андозсупорандагон тавассути мессенҷерҳои иҷтимоӣ ва шабакаи иҷтимоии “Ютуб” ва “Instagram"* каналҳои худро кушодаанду, бо истифода аз он ба пахши видеову намоишҳо ва ҳар гуна бозиҳои бурднок машғул гардида истодаанд.
Мақомоти андоз қайд кардааст, ки на ҳамаи онҳо уҳдадориҳои андозии худро сари вақт ва дар ҳаҷми пурра иҷро мекунанд.
Тибқи иттилои Кумитаи андоз, дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳию назоратӣ, ба ҳолати 1 январи соли 2026, дар мақомоти андоз 119 адад субъекти тавассути шабакаи Интернет ва месенҷерҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти блогерӣ, пахши видеороликҳо машғулбуда ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 (101 нафар) 18 адад бештар мебошад.
Ҳамчунин ба иттилои ҳамин ниҳод, дар 12 моҳи соли гузашта, даромади умумии субъектҳои мазкур, дар маҷмуъ, 12,8 млн сомониро ташкил дода, маблағи андозҳои ҳисобшуда аз ҳисоби субъектҳои мазкур ба 2443,7 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 маблағи ҳисоби андоз, дар маҷмуъ, 97,3 ҳазор сомонӣ кам аст.
Девушка работает на ноутбуке в кафе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2023
Қариб 30 млн сомонӣ даромади блогерони тоҷик ва огоҳиномаи мақомот ба 80 нафар
Нишондиҳандаи даромади умумӣ аз ҳисоби соҳибкорони инфиродии ба фаъолияти блогерӣ машғулбуда, дар 12 моҳи соли 2025, дар маҷмуъ, ба 7436,5 ҳазор сомонӣ баробар шуда, афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1913,3 ҳазор сомонӣ ё 134,6 фоизро ташкил медиҳад ва маблағи ҳисобшудаи андозҳо ба 676,6 ҳазор сомонӣ баробар мебошад.
Қайд карда шудааст, ки шумораи кормандони кирояи дар фаъолияти субъектҳои ба кори блогерӣ ҷалбгардида, дар маҷмуъ, 22 нафар ва музди миёнаи меҳнат ба як корманд ба 986,3 сомонӣ баробар мебошад.
Кумитаи андоз таъкид кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи кормандон 5 нафар кам ва музди миёнаи меҳнат ҳамагӣ 113,2 сомонӣ кам гардидааст.
*-Фаъолияти Meta (шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram) дар Русия ҳамчун экстремистӣ мамнуъ аст.
Лентаи хабарҳо
0