Дар СММ қатъномаи Тоҷикистон дар бораи 10-солаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда қабул шуд

CC BY-SA 2.0 / Patrick Gruban / UN General AssemblyЗал Генеральной Ассамблеи ООН. Иллюстративное фото
Зал Генеральной Ассамблеи ООН. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2026
Обуна шудан
Маҷмаи Умумии СММ бо қабули қатъномае, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудааст, солҳои 2027 то 2036-ро ҳамчун "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда" муайян кард
ДУШАНБЕ, 26 июн - Sputnik. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зери унвони "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда" қабул намуд.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаи расмии худ хабар додааст.
“Дирӯз ташаббуси нави Тоҷикистон таҳти унвони "Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036" бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид”, гуфт ӯ
Вай гуфт қатънома зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд.
“Санади мазкур аз ҳамаи давлатҳо даъват менамояд, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар ҳамаи сатҳҳо – аз оила, ҷомеа, кишвар ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ талош варзанд”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Қайд карда шудааст, ки давлатҳои узви СММ бо қабули ин санад уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳимми таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карданд.
Рахмон получил награду ООН за укрепление мира и дружбы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2026
Раҳмон ҷоизаи СММ-ро барои таҳкими сулҳ ва дӯстӣ гирифт
Маҷмаи Умумӣ солҳои 2027-2036-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон кардааст.
Дар қатънома инчунин таҳаввулоти мусбат дар Осиёи Марказӣ, хусусан талошҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар амри ҳалли мусолиматомези масъалаҳои сарҳадӣ, аз ҷумла имзои созишномаҳои дахлдор истиқбол карда шудааст.
Қайд карда шудааст, ки қабули ин санад дар СММ бешак аз нақши сулҳофару ваҳдатпарвари миллати тоҷик сарчашма гирифта, ҳамакнун саҳме дар таҳкими пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии фарҳанги сулҳ хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0