Рушди истеҳсоли саноатӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё идома дорад

© Sputnik / Алексей Сухоруков / Гузариш ба медиабонкИзготовление оборудования для нефтеперерабатывающей промышленности в Тамбове
Изготовление оборудования для нефтеперерабатывающей промышленности в Тамбове - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2026
Обуна шудан
Дар чор кишвари Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Русия рушди истеҳсоли саноатӣ мушоҳида шудааст
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Истеҳсоли саноатӣ дар дохили Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) мунтазам афзоиш меёбад.
Дар моҳи январ-майи соли 2026, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои ИИАО нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6% афзоиш ёфтааст.
Ин маълумотро дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
“Дар моҳи январ – майи соли 2026 истеҳсоли саноатӣ дар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 0,6% афзоиш ёфтааст", - омадааст дар хабарнома.
Рушд дар чор кишвари Иттиҳод мушоҳида шуд:
дар Қирғизистон – 14,4%;
Арманистон 12,2%;
Қазоқистон - 2,5%;
Русия – 0,4%.
Хадамоти матбуот афзуд, ки дар айни замон истеҳсоли саноати коркард 0,6% афзоиш ёфтааст.
Танкер-газовоз Grand Elena у причала завода по производству СПГ в п. Пригородное.   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2026
Тоҷикистон воридоти гази моеъро афзоиш дод: кишварҳои узви ИИАО таъминкунандаи аслиянд
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ буда, дорои шахсияти ҳуқуқии байналмилалӣ буда, тибқи Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъсис ёфтааст.
Иттиҳод ҳаракати озоди молҳо, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ, инчунин татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда, мувофиқашуда ё муттаҳидшударо дар бахшҳои иқтисодӣ таъмин мекунад. Аъзоёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд.
Аз соли 2015 инҷониб, Тоҷикистон масъалаи пайвастан ба Иттиҳодро баррасӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0