https://sputnik.tj/20260119/sath-bekor-iiao-kohish-tojikiston-meafzoyad-1074607381.html
Сатҳи бекорӣ дар ИИАО коҳиш меёбад, аммо дар Тоҷикистон меафзояд: тафсилот
Сатҳи бекорӣ дар ИИАО коҳиш меёбад, аммо дар Тоҷикистон меафзояд: тафсилот
Sputnik Тоҷикистон
Коҳиши нишондиҳанда аз сол то сол қариб дар ҳамаи кишварҳои иттиҳод ба қайд гирифта шудааст, ба истиснои як кишвар
2026-01-19T10:23+0500
2026-01-19T10:23+0500
2026-01-19T11:22+0500
ииао
дар тоҷикистон
сатҳи бекорӣ
бекорӣ
сабабҳои бекорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/06/1058113932_0:97:3072:1825_1920x0_80_0_0_2e8269672d72fe25c0d8a93f8b0542d5.jpg
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Сатҳи бекорӣ дар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё коҳиш меёбад.Ин аз гузориши нашршудаи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё бо номи "Бозори меҳнат. Омори ИИАО" бармеояд.Тавре ки гузориш нишон медиҳад, ин рақам дар саросари иттиҳод сол то сол коҳиш ёфта, аз 3,9 млн нафар дар соли 2022 то 2,8 млн нафар дар соли 2024 коҳиш ёфтааст.Коҳиши устувор дар ҳамаи кишварҳо ба истиснои Арманистон, ки дар он ҷо сатҳи бекорӣ афзоиш меёбад, мушоҳида мешавад.Сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон низ ноустувор аст. Дар ҳоле, ки дар соли 2022 53,5 ҳаз. нафар бекор буданд, ин шумора дар соли 2023 то 48,3 ҳаз. коҳиш ёфт. Аммо, як сол пас, ин шумора ба 51,4 ҳаз. нафар расид.То моҳи ноябри соли 2025 дар кишвар низ афзоиш мушоҳида шуд ва теъдоди бекорон ба 51,6 ҳаз. нафар расид.Шумораи бекорон дар Тоҷикистон афзудаастҚайд кардан зарур аст, ки дар ҳуҷҷати ИИАО инчунин қайд карда мешавад, ки шумораи бештари одамон дар соли 2024 дар Русия ва Беларус дар соҳаи саноат, дар Қазоқистон ва Қирғизистон дар соҳаи маориф ва дар Арманистон дар соҳаи савдои яклухт ва чакана, инчунин таъмири воситаҳои нақлиёт кор мекарданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/06/1058113932_159:0:2890:2048_1920x0_80_0_0_9e502b2f568641587e4b5444fee04aa2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ииао
Сатҳи бекорӣ дар ИИАО коҳиш меёбад, аммо дар Тоҷикистон меафзояд: тафсилот
10:23 19.01.2026 (Навсозишуда: 11:22 19.01.2026) Коҳиши нишондиҳанда аз сол то сол қариб дар ҳамаи кишварҳои иттиҳод ба қайд гирифта шудааст, ба истиснои як кишвар
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Сатҳи бекорӣ дар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё коҳиш меёбад.
Ин аз гузориши нашршудаи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё бо номи "Бозори меҳнат. Омори ИИАО" бармеояд.
Тавре ки гузориш нишон медиҳад, ин рақам дар саросари иттиҳод сол то сол коҳиш ёфта, аз 3,9 млн нафар дар соли 2022 то 2,8 млн нафар дар соли 2024 коҳиш ёфтааст.
Коҳиши устувор дар ҳамаи кишварҳо ба истиснои Арманистон, ки дар он ҷо сатҳи бекорӣ афзоиш меёбад, мушоҳида мешавад.
Сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон низ ноустувор аст. Дар ҳоле, ки дар соли 2022 53,5 ҳаз. нафар бекор буданд, ин шумора дар соли 2023 то 48,3 ҳаз. коҳиш ёфт. Аммо, як сол пас, ин шумора ба 51,4 ҳаз. нафар расид.
То моҳи ноябри соли 2025 дар кишвар низ афзоиш мушоҳида шуд ва теъдоди бекорон ба 51,6 ҳаз. нафар расид.
Қайд кардан зарур аст, ки дар ҳуҷҷати ИИАО инчунин қайд карда мешавад, ки шумораи бештари одамон дар соли 2024 дар Русия ва Беларус дар соҳаи саноат, дар Қазоқистон ва Қирғизистон дар соҳаи маориф ва дар Арманистон дар соҳаи савдои яклухт ва чакана, инчунин таъмири воситаҳои нақлиёт кор мекарданд.