https://sputnik.tj/20260721/imzoi-sanadi-navi-hamkori-mughuliston-1079116816.html
Имзои 12 санади нави ҳамкорӣ бо Муғулистон
Имзои 12 санади нави ҳамкорӣ бо Муғулистон
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Муғулистон 12 санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид
2026-07-21T12:41+0500
2026-07-21T12:41+0500
2026-07-21T12:41+0500
дар тоҷикистон
муғулистон
эмомалӣ раҳмон
ҳамкорӣ
равобит
сиёсат
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/15/1079117121_0:101:2048:1254_1920x0_80_0_0_a718ee73a6aed0796afbda6ea0945455.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар шаҳри Улан-Батор дар ҳузур ва бо иштироки сарони Тоҷикистону Муғулистон 12 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, нахуст изҳороти муштараки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух дар бораи густариш ва рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар қабул ва эълон гардид.Тарафҳо дар бораи бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ ба имзо расониданд.Ҳамчунин тарафҳо санадҳои дар бораи маориф, фарҳанг, ҳамлу нақли байналмилалӣ, таҳқиқоти геологӣ, сармоягузорӣ, тағйирёбии иқлим ва кишоварзӣ ба имзо расониданд.Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух дидору мулоқот кард.Дар мулоқот ҷонибҳо аз рушди бемайлони робитаҳои сиёсии ду кишвар ёдовар шуда, ба тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ ҳамчун воситаи муассири таҳкими эътимоди сиёсӣ аҳаммияти хос доданд.Дар рафти музокирот ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, сохтмон ва рушди зерсохтор, кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорӣ, содироти меваю сабзавоти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба Муғулистон, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.Дар ин дидор сарони ду кишвар пешниҳод карданд, ки барои мусоидат ба рушди ҳамкории судманди дуҷониба Гурӯҳҳои муштараки корӣ дар соҳаҳои энергетика ва сохтмон ва рушди инфрасохтор таъсис дода шавад.Саноати коркард, бахусус саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо аз ҷумлаи бахшҳои ояндадори муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ гашт.Ҳамчунин тарафҳо фаъолияти мунтазами Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ барои ҳамоҳангсозии маҷмӯи робитаҳои дуҷониба ва ҷалби сармоягузорӣ муҳим донистанд.Дар мулоқот тарафҳо аз аҳамияти баргузории Рӯзҳои фарҳанги кишварҳо дар қаламрави якдигар таъкид карданд.Густариши минбаъдаи робитаҳои мустақим миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва академӣ, марказҳои таҳлилӣ ва дигар муассисаҳои соҳавии ду кишвар самти дигари ҳамкорӣ номида шуд.
https://sputnik.tj/20260720/rahmon-ba-mughuliston-raft-1079081031.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/15/1079117121_80:0:1901:1366_1920x0_80_0_0_0825a7d8bca8ac4c5a1a7c1c270ab451.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, муғулистон, эмомалӣ раҳмон, ҳамкорӣ, равобит, сиёсат , иқтисод
дар тоҷикистон, муғулистон, эмомалӣ раҳмон, ҳамкорӣ, равобит, сиёсат , иқтисод
Имзои 12 санади нави ҳамкорӣ бо Муғулистон
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Муғулистон 12 санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар шаҳри Улан-Батор дар ҳузур ва бо иштироки сарони Тоҷикистону Муғулистон 12 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, нахуст изҳороти муштараки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух дар бораи густариш ва рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар қабул ва эълон гардид.
Тарафҳо дар бораи бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ ба имзо расониданд.
Ҳамчунин тарафҳо санадҳои дар бораи маориф, фарҳанг, ҳамлу нақли байналмилалӣ, таҳқиқоти геологӣ, сармоягузорӣ, тағйирёбии иқлим ва кишоварзӣ ба имзо расониданд.
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух дидору мулоқот кард.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз рушди бемайлони робитаҳои сиёсии ду кишвар ёдовар шуда, ба тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ ҳамчун воситаи муассири таҳкими эътимоди сиёсӣ аҳаммияти хос доданд.
Дар рафти музокирот ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, сохтмон ва рушди зерсохтор, кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорӣ, содироти меваю сабзавоти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба Муғулистон, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Дар ин дидор сарони ду кишвар пешниҳод карданд, ки барои мусоидат ба рушди ҳамкории судманди дуҷониба Гурӯҳҳои муштараки корӣ дар соҳаҳои энергетика ва сохтмон ва рушди инфрасохтор таъсис дода шавад.
Саноати коркард, бахусус саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо аз ҷумлаи бахшҳои ояндадори муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ гашт.
Ҳамчунин тарафҳо фаъолияти мунтазами Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ барои ҳамоҳангсозии маҷмӯи робитаҳои дуҷониба ва ҷалби сармоягузорӣ муҳим донистанд.
Дар мулоқот тарафҳо аз аҳамияти баргузории Рӯзҳои фарҳанги кишварҳо дар қаламрави якдигар таъкид карданд.
Густариши минбаъдаи робитаҳои мустақим миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва академӣ, марказҳои таҳлилӣ ва дигар муассисаҳои соҳавии ду кишвар самти дигари ҳамкорӣ номида шуд.