Раҳмон ба Муғулистон рафт

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2026
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон Президенти Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ба Муғулистон сафар кард
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як боздиди давлатӣ ба кишвари Муғулистон сафар кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар длодааст.
Дар ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар умури масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар авохири моҳи июл бо даъвати Президенти Тоҷикистон, сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба ҷумҳурӣ сурат гирифт.
Мулоқот бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2026
Нигаронии Раҳмон аз беаҳмиятии кормандони вазорат дар таҳияи санадҳо ба ҳукумат
Дар доираи ин сафар мулоқотҳои дуҷониба дар сатҳи олӣ ва баимзорасонии як қатор санадҳoи дуҷонибаи ҳамкорӣ сурат гирифт.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон 24 апрели 1992 барқарор шуданд.
Аввалин сафари Эмомоалӣ Раҳмон ба Муғулистон 23 марти 2009 баргузор гардида буд.
Лентаи хабарҳо
0