Нигаронии Раҳмон аз беаҳмиятии кормандони вазорат дар таҳияи санадҳо ба ҳукумат

© Хадамоти матбуоти президенти ТоҷикистонМулоқот бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар
Мулоқот бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2026
Обуна шудан
Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон кормандони вазорат ба масъалаи санҷиши ҳуқуқии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ диққати аввалиндараҷа намедиҳанд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи бинои вазорати адлия гуфт, ки бо вуҷуди тадриҷан беҳтар гардидани кори мақомоти адлия дар фаъолияти онҳо ҳанӯз ҳам баъзе камбудиву норасоиҳо ба назар мерасанд.
Ба гуфтаи кишвардори Тоҷикистон сифати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба Ҳукумати кишвар пешниҳодшаванда ҳанӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест.
“Кормандони вазорат ба масъалаи санҷиши ҳуқуқии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз лиҳози талаботи қонунгузорӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир намекунанд. Дар натиҷа қисме аз лоиҳаҳо дар Дастгоҳи иҷроияи Президент такмил дода мешаванд”, - таъкид кард раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон ба вазоратҳо дастур дод, ки барои баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон ва ҷорӣ намудани таҷрибаи мукаммали таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Ҳамчунин, раҳбари Тоҷикистон таъкид кард, ки дар шароити густариши муносибатҳои байналмилалӣ, афзоиши уҳдадориҳои шартномавӣ ва зарурати ҳимояи манфиатҳои миллӣ норасоии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамоно боиси нигаронӣ мебошад.
Производство стальной арматуры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2026
Супориши Раҳмон барои таҳияи барномаи давлатии рушди металлургияи сиёҳ
Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки кор дар самти бақайдгирӣ ва назорати фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ беҳбудиро тақозо менамояд.
Вай зарур донист, ки масъалаи мутобиқ будани фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба мақсадҳои оинномавии онҳо пурра таҳти назорат қарор дода шаванд ва ҳисоботи молиявии онҳо, бахусус оид ба даромад ва хароҷот дар сомонаи мақомоти адлия ҷой карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0