Мақомот: муҳоҷирати меҳнатии тоҷикон ба хориҷ кам шуд

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкУниверсальный миграционный центр в Екатеринбурге.
Универсальный миграционный центр в Екатеринбурге.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2026
Обуна шудан
Раиси Агентии омори Тоҷикистон метарсад, ки ифшои маълумот дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ метавонад аз сӯйи бархе расонаҳо нодуруст шарҳ дода шавад
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Агентии омори Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар нимаи аввали имсол муҳоҷирати кории тоҷикон ба хориҷа 1,7 дарсад кам шудааст.
Дар ҳамин ҳол вай аз гуфтани шумораи умумии муҳоҷирон худдорӣ кард.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода илова кард, ки дар бораи шумори муҳоҷроне, ки дар хориҷ кор мекунанд хабарнигорон бояд аз вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ пурсанд.
Нурмуҳаммадзода таъкид кард, ки ифшои ин маълумот метавонад аз сӯйи баъзе расонаҳо нодуруст шарҳ дода шавад.
“Мисли ману шумо тадқиқотчӣ, саволдеҳ, ба ном мутахассисон ва баҳодиҳандаҳои хориҷӣ бисёранд. Як маълумотро гирифта, чи хеле ба фикри худашон маъқул аст, ҳамон хел дар расонаҳо пешниҳод мекунанд", - гуфт ӯ.
Семен Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон, 11-уми майи имсол дар мусоҳиба бо хабаргузории русии ТАСС гуфт, феълан дар Русия беш аз як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон кор мекунанд.
Работы по укладке плитки на территории олимпийского комплекса Лужники в Москве.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2026
Муҳоҷират меҳвари гуфтугӯҳои вакилони парлумони Тоҷикистону Русия шуд
Вай илова кард, ки дар бораи ба куллӣ коҳиш ёфтани таваҷҷӯҳи муҳоҷирони тоҷик ба бозори меҳнат дар Русия наметавон гуфт.
Григорев афзуд, ки дар пасманзари тадобири мақомоти Русия барои танзими соҳаи муҳоҷират, шумори шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.
Ба гуфтаи Семен Григорев, Русия нигарониҳои шарикони худро дарк мекунад ва бо онҳо дар масъалаҳои барқарор кардани тартибот дар соҳаи муҳоҷират бомуваффақият ҳамкорӣ мекунад.
Григорев қайд кард, ки чораҳои мақомоти Русия барои ба низом даровардани соҳаи муҳоҷират асосноканд ва ба нафароне, ки қонунгузориро риоя мекунанд дахл надорад.
Лентаи хабарҳо
0