Муҳоҷират меҳвари гуфтугӯҳои вакилони парлумони Тоҷикистону Русия шуд

© Sputnik / Кирилл Зыков / Гузариш ба медиабонкРаботы по укладке плитки на территории олимпийского комплекса "Лужники" в Москве.
Работы по укладке плитки на территории олимпийского комплекса Лужники в Москве.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2026
Обуна шудан
Вакилони парлумони Тоыикистону Русия дар Душанбе ­масоили муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандони кишвар дар Русияро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 2 июл - Sputnik. Масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кор мекунанд, дар мулоқоти Маҳмадшоҳ Гулзода, раиси кумитаи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ва Виктор Пинский, вакили Думаи давлатии Русия баррасӣ шуд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон хабар дод.
“Дар рафти суҳбат, ­масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кору фаъолият доранд, аз мавзуъҳои меҳварӣ буданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин манбаъ таъкид кард, ки санадҳои нави баимзорасида дар ин самт заминаи ҳуқуқии ҳамкориро таҳким бахшида, ба такмили низоми танзими муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат мекунанд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, аҳамияти идомаи ҳамкории мақомоти салоҳиятдори ду кишварро ҷиҳати такмили механизмҳои муҳоҷират, фароҳам овардани шароити муносиб, ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ ва таъмини иҷрои созишномаҳои бадастомада таъкид намуданд.
Подписание меморандума о взаимопонимании между Торгово-промышленной палатой Республики Таджикистан и АФК Система Российской Федерации. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2026
Корпоратсияи “АФК Система"-и Русия вориди бозори технологии Тоҷикистон мешавад
Дар дидор инчунин таъкид шудааст, ки рушди ҳамкориҳо байни парлумонҳо муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Русияро боз ҳам тақвият хоҳад дод.
Ёдовар мешавем, ки 1 июл дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои умумии конфедератсияи итифоқи касабаҳо баргузор гардид.
Дар он намояндагони Ииттифоқҳои касабаи Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон, инчунин иттиҳодияҳои байналмилалии иттифоқҳои касаба дар дохили Шӯрои умумии конфедератсияи итифоқи касабаҳо иштирок карданд.
Дар ҷаласа дар баробари дигар мавзӯъҳо, беҳтар кардани низоми шарикии иҷтимоӣ дар кишварҳои ИДМ баррасӣ шуд.
Лентаи хабарҳо
0