Тоҷикистон истеҳсоли гӯшту тухми мурғро афзоиш дод, аммо худкифо нашудааст

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкПрилавок с мясом птицы, архивное фото
Прилавок с мясом птицы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2026
Обуна шудан
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷумҳурӣ барои воридоти гӯшти мурғ 31,3 млн доллар бо нархи миёнаи 3 921 доллар барои 1 тонна сарф кардааст
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти мурғ ва тухми он зиёд шудааст, аммо ҷумҳурӣ наметавонад то ҳол талаботи дохилиро қонеъ гардонад.
Дар моҳҳои январ – июни соли ҷорӣ дар кишвар 691,1 млн дона тухм аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонию ҷамъиятӣ ва аҳолӣ истеҳсол гардидааст, хабар дод Хадамоти зиддиинҳисорӣ.
Ба иттилои манбаъ, ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,8 млн дона ё 3,3% зиёд мебошад.
Барои қонеъсозии бозори дохилӣ ҷумҳурӣ дар ин давра аз хориҷ 26,3 млн дона тухм ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,4 млн дона ё 1,2 баробар афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин дар ин давра Тоҷикистон аз хориҷ 7 995,6 тонна гӯшти мурғ харидорӣ кардааст.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯяд, ки барои воридот 31,3 млн доллар бо нархи миёнаи 3 921 доллар барои 1 тонна сарф шудааст.
Ҳаҷми воридот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 141,6 тонна ё 64,7% афзоиш ёфтааст.
Аз ҳаҷми умумии гӯшти мурғи воридгардида 58,2% ба Федератсияи Россия, 14,6% ба Ҷумҳурии Украина, 4,0% ба Ҷумҳурии Узбекистон, 8,1% ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва 14,2% ба дигар давлатҳо рост меоянд.
Работа птицефабрики в Калининграде. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2026
Тоҷикистон нақша дорад, ки ба Чин панҷа ва тоҷи мурғ содир кунад
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Вазорати кишоварзӣ гузориш дод, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар 234 корхонаи парандапарварӣ фаъолият менамояд.
Аз ин шумор шумора 142 адад ба вилояти Суғд, 40 адад ба вилояти Хатлон ва 52 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе рост меояд.
Таъкид мешавад, ки аз шумораи умумии корхонаҳои мавҷуда 102 адад ба истеҳсоли тухми истеъмолӣ, 116 адад ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8 адад ба истеҳсоли тухму гӯшти паранда ва 6 адад ба истеҳсоли тухми инкубатсионию чӯҷаи якрӯза машғуланд.
Лентаи хабарҳо
0