Тоҷикистон нақша дорад, ки ба Чин панҷа ва тоҷи мурғ содир кунад

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкРабота птицефабрики в Калининграде.
Работа птицефабрики в Калининграде. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2026
Обуна шудан
Дар бозори ҷаҳонӣ ҳоло як кило панҷаи мурғ тақрибан 10 доллар аст, аммоон дар Тоҷикистон талабот надорад, гуфт раиси агентӣ
ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Тоҷикистон нақша дорад, ки ба Чин содироти панҷа ва тоҷи мурғро ба роҳ монад.
Дар ин бора Баҳриддин Сироҷиддинзода, раиси Агентии содирот зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки ҳоло дар кишвар корхонаҳои зиёди паррандапарварӣ фаъолият дорад, ки танҳо гӯшти мурғ истеҳсол мекунанд ва аммо панҷа ва тоҷи он дар кишвар талабот надорад.
Ба гуфти Сироҷиддинзода, дар бозори ҷаҳонӣ ҳоло як кило панҷаи мурғ тақрибан 10 доллар аст.
Ростов ба Тоҷикистон 133 тонна гӯшти мурғ содирот кард.
Ба гуфти ӯ, дар бораи содирот зимни сафари ахири раисҷумҳур ба Чин протоколи дахлдор имзо шуд.
Дар ҳамин ҳол Вазорати кишоварзӣ гузориш дод, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар 234 корхонаи парандапарварӣ фаъолият менамояд.
Аз ин шумор шумора 142 адад ба вилояти Суғд, 40 адад ба вилояти Хатлон ва 52 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе рост меояд.
Таъкид мешавад, ки аз шумораи умумии корхонаҳои мавҷуда 102 адад ба истеҳсоли тухми истеъмолӣ, 116 адад ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8 адад ба истеҳсоли тухму гӯшти паранда ва 6 адад ба истеҳсоли тухми инкубатсионию чӯҷаи якрӯза машғуланд.
Лентаи хабарҳо
0