https://sputnik.tj/20260719/pul-ob-shikoyat-rais-agenti-beodosht-zamin-kishovarzon-1079059058.html
Пули обро намедиҳанд: Шикояти раиси Агентии беҳдошти замин аз кишоварзон
Пули обро намедиҳанд: Шикояти раиси Агентии беҳдошти замин аз кишоварзон
Sputnik Тоҷикистон
Агенти дар шаш моҳ 25,3 млн сомонӣ қарзашро аз муштариёнаш тавассути додситону додгоҳҳои кишвар рӯёнида ҳоло ситонидани 31 млн сомонии дигар дар ҳоли баррасист
2026-07-19T14:46+0500
2026-07-19T14:46+0500
2026-07-19T14:46+0500
дар тоҷикистон
обёрӣ
замин
қарзҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040888895_0:0:2392:1345_1920x0_80_0_0_0646fb5a13d7be0434bb54fd2fee992c.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Қарзи Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон дар назди ширкати энержии "Барқи тоҷик" давмои шаш моҳи гузашта боз 41 млн сомонӣ афзудаас.Дар ин бора ба хабарнигорон директори ин ниҳод Давлатзода Зафарбек зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.Ба иттилои манбаъ, арзиши барқи истифодашуда 58,2 млн сомонӣ ва пардохти он 17,2 млн сомониро ташкил медиҳад.Ҳамакнун қарзи идораҳои зертобеи Агентӣ аз қувваи барқи истифодашуда дар назди ҶСК “Барқи Тоҷик” 313,2 млн. сомониро ташкил медиҳад.Ба гуфтаи Давлатзода Зафарбек сабаби асосии пайдоиш ва болоравии қарзи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар назди ҶСК “Барқи Тоҷик” пайваста баланд гардидани тарифҳои нерӯи барқ мебошад.Таъкид мешавад, ки дар ин давра идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар майдони 502866 гектар бо 62062 истифодабарандагони об шартномаи додугирифти обро ба имзо расонида, ба онҳо дар ҳаҷми 1 млрд. 774,3 млн. метри мукааб об бо арзиши 84,9 млн. сомонӣ хизмати обрасонӣ намудаанд."Аз ҷониби истифодабарандагони об дар ин давра ҳаққи хизмати обрасонӣ ба маблағи 33,4 млн.сомонӣ (нисбати соли гузашта 5,5 млн. сомонӣ зиёд) ё ин, ки 39%-и арзиши оби додашуда пардохт карда шудааст",- афзуд Давлатзода.Ӯ гуфт, бо вуҷуди аз ҷониби идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар бобати бо оби полезӣ таъмин намудани истифодабарандагон пурра иҷро кардани ӯҳдадориҳои шартномавӣ аз ҷониби истифодабарандагон, хусусан кишоварзон ҳаққи хизмати обрасонӣ сари вақт ва бо ҳаҷми пурра пардохт карда намешавад, Вай таъкид кард, ки бо мақсади рӯёнидани маблағи қарз аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ дар давраи ҳисоботи ба мақомоти Суди иқтисодӣ ва Прокуратура аз ҷониби идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 56,2 млн сомонӣ ҳуҷҷат ва аризаҳои даъвогӣ пешниҳод гардида, аз ин ба фоидаи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 25,3 млн сомонӣ рӯёнида шудааст, боқимонда ба маблағи 30,9 млн. сомонӣ дар арафаи баррасӣ қарор доранд.
https://sputnik.tj/20260531/tojikiston-va-salibi-surkh-hamkoriro-dar-bakhshi-ob-gustarish-medihand---1077950268.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040888895_0:163:1742:1470_1920x0_80_0_0_7156be4393ac380866bb9c67de9c9331.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, обёрӣ, замин, қарзҳо
дар тоҷикистон, обёрӣ, замин, қарзҳо
Пули обро намедиҳанд: Шикояти раиси Агентии беҳдошти замин аз кишоварзон
Агенти дар шаш моҳ 25,3 млн сомонӣ қарзашро аз муштариёнаш тавассути додситону додгоҳҳои кишвар рӯёнида ҳоло ситонидани 31 млн сомонии дигар дар ҳоли баррасист
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Қарзи Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон дар назди ширкати энержии "Барқи тоҷик" давмои шаш моҳи гузашта боз 41 млн сомонӣ афзудаас.
Дар ин бора ба хабарнигорон директори ин ниҳод Давлатзода Зафарбек зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, арзиши барқи истифодашуда 58,2 млн сомонӣ ва пардохти он 17,2 млн сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамакнун қарзи идораҳои зертобеи Агентӣ аз қувваи барқи истифодашуда дар назди ҶСК “Барқи Тоҷик” 313,2 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи Давлатзода Зафарбек сабаби асосии пайдоиш ва болоравии қарзи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар назди ҶСК “Барқи Тоҷик” пайваста баланд гардидани тарифҳои нерӯи барқ мебошад.
Таъкид мешавад, ки дар ин давра идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар майдони 502866 гектар бо 62062 истифодабарандагони об шартномаи додугирифти обро ба имзо расонида, ба онҳо дар ҳаҷми 1 млрд. 774,3 млн. метри мукааб об бо арзиши 84,9 млн. сомонӣ хизмати обрасонӣ намудаанд.
"Аз ҷониби истифодабарандагони об дар ин давра ҳаққи хизмати обрасонӣ ба маблағи 33,4 млн.сомонӣ (нисбати соли гузашта 5,5 млн. сомонӣ зиёд) ё ин, ки 39%-и арзиши оби додашуда пардохт карда шудааст",- афзуд Давлатзода.
Ӯ гуфт, бо вуҷуди аз ҷониби идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар бобати бо оби полезӣ таъмин намудани истифодабарандагон пурра иҷро кардани ӯҳдадориҳои шартномавӣ аз ҷониби истифодабарандагон, хусусан кишоварзон ҳаққи хизмати обрасонӣ сари вақт ва бо ҳаҷми пурра пардохт карда намешавад,
"Бо ин сабаб қарзҳо аз ин ҳисоб афзоиш ёфта, бақияи он бо дар назардошти солҳои пеш 402,9 млн сомониро ташкил менамояд, ки ин дар навбати худ боиси афзоиши қарзҳои кредиторӣ, аз ҷумла қарзи суғуртаи ичтимоӣ ва ҳамаи намуди андозҳо гардидааст",- афзудраҳбари Агентӣ.
Вай таъкид кард, ки бо мақсади рӯёнидани маблағи қарз аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ дар давраи ҳисоботи ба мақомоти Суди иқтисодӣ ва Прокуратура аз ҷониби идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 56,2 млн сомонӣ ҳуҷҷат ва аризаҳои даъвогӣ пешниҳод гардида, аз ин ба фоидаи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 25,3 млн сомонӣ рӯёнида шудааст, боқимонда ба маблағи 30,9 млн. сомонӣ дар арафаи баррасӣ қарор доранд.