https://sputnik.tj/20260531/tojikiston-va-salibi-surkh-hamkoriro-dar-bakhshi-ob-gustarish-medihand---1077950268.html
Тоҷикистон ва Салиби Сурх ҳамкориро дар бахши об густариш медиҳанд.
Тоҷикистон ва Салиби Сурх ҳамкориро дар бахши об густариш медиҳанд.
Sputnik Тоҷикистон
Дар мулоқот ҷонибҳо таъкид карданд, ки захираҳои об омили муҳим дар рушди устувори як қатор соҳаҳо мебошанд 31.05.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-05-31T15:54+0500
2026-05-31T15:54+0500
2026-05-31T16:09+0500
дар тоҷикистон
салиби сурх
вазорати энергетика ва захираҳои об
далер ҷумъа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/1c/1069515399_0:342:2048:1494_1920x0_80_0_0_0cc0a9c791d80e10cbda5568b581ddde.jpg
ДУШАНБЕ, 31 май – Sputnik. Тоҷикистон ва Салиби Сурх ҳамкориро дар бахши об густариш медиҳанд. Хадамоти матбуотии ин созмон хабар дод, ки ин ташаббус зимни мулоқоти Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об ва Севал Гузелкилинк, раиси дафтари минтақавии Федератсия дар Осиёи Марказӣ, баррасӣ шуд. Ҷонибҳо ба ҳамкории башардӯстона, тақвияти устувории ҷамоатҳои дахлдор ва рушди санитария тамаркуз карданд. Длер Ҷумъа изҳор дошт, ки бахши таъминоти об барои Тоҷикистон аҳамияти калон дорад ва масъалаҳои марбут ба он дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баррасӣ мешаванд.Дар рафти муколама таъкид шуд, ки захираҳои об на танҳо аз ҷиҳати экологӣ ва инфрасохторӣ муҳиманд, балки дар рушди устувори як қатор соҳаҳо, аз ҷумла тандурустии ҷамъиятӣ, амнияти озуқаворӣ, суботи иҷтимоӣ ва кам кардани хатарҳои башардӯстона низ нақши калидӣ доранд. Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон дар доираи татбиқи стратегияи миллии дахлдор барои давраи то соли 2040 ва барномаи давлатӣ барои солҳои 2025-2029 дар самти ташаббусҳои бузург кор мекунад. Ғайр аз ин, дар ҷаласа фаъолияти Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ки барои беҳтар кардани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар, бахусус дар минтақаҳои дурдаст ва кӯҳистонӣ равона шудааст, ситоиш карда шуд. Қаблан Далер Ҷумъа зарурати таъсиси як низоми муттаҳидаи идоракунии захираҳои об дар Осиёи Марказӣ ва ҳамоҳангсозии кори созмонҳои дахлдорро изҳор карда буд.
https://sputnik.tj/20260526/rahmon-aholii-tojikiston-ob-tamin-1077822600.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/1c/1069515399_0:273:2049:1809_1920x0_80_0_0_98c2cb93d323e108b1e1b11446d6753f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, салиби сурх, вазорати энергетика ва захираҳои об, далер ҷумъа
дар тоҷикистон, салиби сурх, вазорати энергетика ва захираҳои об, далер ҷумъа
Тоҷикистон ва Салиби Сурх ҳамкориро дар бахши об густариш медиҳанд.
15:54 31.05.2026 (Навсозишуда: 16:09 31.05.2026) Дар мулоқот ҷонибҳо таъкид карданд, ки захираҳои об омили муҳим дар рушди устувори як қатор соҳаҳо мебошанд
ДУШАНБЕ, 31 май – Sputnik. Тоҷикистон ва Салиби Сурх ҳамкориро дар бахши об густариш медиҳанд.
Хадамоти матбуотии ин созмон хабар дод, ки ин ташаббус зимни мулоқоти Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об ва Севал Гузелкилинк, раиси дафтари минтақавии Федератсия дар Осиёи Марказӣ, баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо ба ҳамкории башардӯстона, тақвияти устувории ҷамоатҳои дахлдор ва рушди санитария тамаркуз карданд.
Длер Ҷумъа изҳор дошт, ки бахши таъминоти об барои Тоҷикистон аҳамияти калон дорад ва масъалаҳои марбут ба он дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баррасӣ мешаванд.
Дар рафти муколама таъкид шуд, ки захираҳои об на танҳо аз ҷиҳати экологӣ ва инфрасохторӣ муҳиманд, балки дар рушди устувори як қатор соҳаҳо, аз ҷумла тандурустии ҷамъиятӣ, амнияти озуқаворӣ, суботи иҷтимоӣ ва кам кардани хатарҳои башардӯстона низ нақши калидӣ доранд.
Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон дар доираи татбиқи стратегияи миллии дахлдор барои давраи то соли 2040 ва барномаи давлатӣ барои солҳои 2025-2029 дар самти ташаббусҳои бузург кор мекунад.
Ғайр аз ин, дар ҷаласа фаъолияти Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ки барои беҳтар кардани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар, бахусус дар минтақаҳои дурдаст ва кӯҳистонӣ равона шудааст, ситоиш карда шуд.
Қаблан Далер Ҷумъа зарурати таъсиси як низоми муттаҳидаи идоракунии захираҳои об дар Осиёи Марказӣ ва ҳамоҳангсозии кори созмонҳои дахлдорро изҳор карда буд.