Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

ВУХ Русия: Режими Киев талош дорад маълумоти шахсии шаҳрвандони кишварро дуздад

© Sputnik / Наталья СеливерстоваЗдание Министерства иностранных дел РФ в Москве.
Здание Министерства иностранных дел РФ в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2026
Обуна шудан
Намояндаи расмии вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, ки режими Киев талош дорад, тавассути ҳамлаҳои сайберӣ маълумоти шахсии шаҳрвандони Русияро бидуздад
ДУШАНБЕ, 18 июл – Sputnik. Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия, изҳор дошт, ки режими Киев кӯшиш дорад, сервисҳои электронии Русияро аз кор барорад ва маълумоти шахсии шаҳрвандони Русияро барои амалиётҳои минбаъда дуздад.
Дар изҳороте, ки дар сомонаи вазорат нашр шудааст, гуфта мешавад: "Режими Киев ба объектҳои шаҳрвандӣ ҳамла мекунад, кӯшиш мекунад, ки сервисҳо ва таҷҳизоти электрониро аз кор барорад ва маълумоти шахсии шаҳрвандони моро барои амалиётҳои минбаъдаи мақсаднок бидуздад."
Ба гуфтаи Захарова, тамоми шабакаҳои колл-сентрҳои Украина низ барои ғорат кардани русҳо ва ҳатто аврупоиҳо истифода мешавад.
Хонум захарова таъкид кард, ки а аввали соли 2022 инфрасохтори иттилоотии Русия мавриди бесобиқаи ҳамлаҳои киберӣ қарор гирифтааст, ки асосан аз ҷониби режими Владимир Зеленский сурат гирифтааст.
Монумент Родина-матьв Киеве, Украина, 21 января 2026 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар ғарб аз ҳаводиси ахири Украина ба даҳшат афтодаанд
“Мо хуб медонем, ки Украина аз ҷониби сарпарастони ғарбии худ ба майдони амалиётҳои киберӣ табдил ёфтааст", - қайд кард ӯ.
Лентаи хабарҳо
0