Истеҳсоли орд дар Тоҷикистон ба маротиб афзоиш ёфтааст

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонк25-я Российская агропромышленная выставка "Золотая осень – 2023"
25-я Российская агропромышленная выставка Золотая осень – 2023  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2026
Обуна шудан
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон афзиши истеҳсоли орд дар дохили кишвар яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти озуқавории кишвар ба ҳисоб меравад
ДУШАНБЕ, 30 апр - Sputnik. Дар Тоҷикистон дар се моҳи соли равон истеҳсоли орд 34,8% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои Агентӣ дар давоми семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар ҳудуди кишвар ҳаҷми истеҳсоли орд ба 219,2 ҳазор тонна расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,8% зиёд мебошад.
Ин ниҳоди давлатӣ таъкид кардааст, ки ин нишондиҳанда аз афзоиши назарраси истеҳсолот дар соҳаи коркарди маҳсулоти ғалладона шаҳодат медиҳад.
Агентии омор зикр кардааст, ки афзиши истеҳсоли орд дар дохили кишвар яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти озуқавории кишвар ба ҳисоб меравад.
“Саноати ордбарорӣ ҳамчун қисми муҳими соҳаи саноати хӯрокворӣ нақши калидӣ дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти асосии озуқаворӣ мебозад. Афзоиши ҳаҷми истеҳсолот имкон медиҳад, ки вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти ордӣ коҳиш ёфта, сатҳи худтаъминкунӣ дар кишвар баланд гардад”, - таъкид кардааст Агентӣ.
Ёдовар мешавем, ки Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки соли гузашта дар Тоҷикистон 693,8 ҳазор тонна орд истеҳсол шудааст.
Уборка урожая пшеницы. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2026
Тоҷикистон қасд дорад, ки аз Қазоқистон беш аз 1 млн тонна ғалла харад
Ин ниҳод ҳам он давра қайд карда буд, ки истеҳсоли орд дар дохили Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ҳудуди 23,6 ҳазор тонна ё 3,5 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин ин ниҳод таъкид намуда буд, ки соли гузашта ба кишвар 51,9 ҳазор тонна орд ба маблағи 16,2 млн доллар бо нархи миёнаи 312 доллар барои 1 тонна ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 воридоти он 16 ҳазор тонна ва ё 23,6% коҳиш ёфтааст.
Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон нақша дорад, ки дар соли ҷорӣ аз Қазоқистон 1,3 млн тонна гандум ворид кунад.
Қазоқистон анъанавӣ таъминкунандаи асосии гандум ва орд ба Тоҷикистон аст, ки истеҳсоли дохилӣ танҳо тақрибан 40% талаботро қонеъ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0