Дар бахши сохтмон дар ҳудуди ИИАО кӣ пешсаф аст?

© Sputnik / Пелагия ТихоноваСтроительство новых домов в Москве.
Строительство новых домов в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2026
Обуна шудан
Таҳлилгарон суръати баландтаринро дар Арманистон ба қайд гирифтанд - дар ин кишвар ҳаҷми корҳои сохтмонӣ 21,2% зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 17 июл - Sputnik. Ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО)дар панҷ моҳи соли равон 5,8% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиёи хабар додааст.
Афзоиш дар ҳамаи кишварҳои иттиҳод мушоҳида шудааст:
Қазоқистон – 13,4%;
Қирғизистон – 0,7%;
Белорус – 0,4%;
Русия – 7,4%.
Таҳлилгарон сатҳи баландтаринро дар Арманистон қайд карданд, ки дар он ҷо афзоиш 21,2% буд.
Дар маҷмӯъ, тибқи омори моҳҳои январ-майи соли 2026 соҳаи сохтмонии ИИАО мунтазам рушд мекунад.
Машина на автозаправочной станции. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2026
Яке аз кишварҳои ИИАО содироти сӯзишвориро ба хориҷ комилан манъ кард
Қайд карда шудааст, ки дар шароити имрӯза бахши сохтмон, яке аз бозорҳои рушдёбанда ба назар мерасад, ки метавонад дар ояндаи наздик барои сармоягузорон ва пудратчиён ҷолиб бошад.
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0