https://sputnik.tj/20260717/nizo-khorij-ima-ukraina-1079033680.html
"Аз низоъ хориҷ мешавад": ИМА гуфт Украинаро ба зудӣ чӣ интизор аст
"Аз низоъ хориҷ мешавад": ИМА гуфт Украинаро ба зудӣ чӣ интизор аст
Sputnik Тоҷикистон
Коршиноси масоили сиёсии амриуоӣ гуфт, ки артиши Украина дар вазъияти ноумедӣ қарор доранд
2026-07-17T15:41+0500
2026-07-17T15:41+0500
2026-07-17T15:41+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
има
коршинос
низоъ
русия
артиши русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/0a/1075912708_0:231:2898:1861_1920x0_80_0_0_f3e12d571c8e673e456de5f4f8b7ce23.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июл – Sputnik. Ҷон Миршаймер, профессори Донишгоҳи Чикаго, изҳор дошт, ки Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина бо шикаст рӯбарӯ ҳастанд, аммо режими Киев намехоҳад, ки зарари кишварро бо бастани сулҳ бо Русия маҳдуд кунад."Агар шумо ба он чизе, ки дар майдони ҷанг рӯй медиҳад, нигоҳ кунед - ва ман фикр мекунам, ки ин муҳимтарин чиз аст - шумо хоҳед дид, ки русҳо ғолиб меоянд. Онҳо украиниҳоро ба ақиб тела медиҳанд. Артиши Украина дар вазъияти ноумедӣ қарор дорад. Дар ниҳоят, Украина метавонад аз низоъ ҳамчун як давлати ноком берун ояд", - қайд кард ӯ.Профессори амрикоӣ таъкид кард, ки Киев дар шароити кунунӣ имконияти музокироти сулҳро бо беҳтарин шартҳо аз даст дод."Украинагиҳо бояд бо русҳо созишномаи сулҳ баста, онро қабул мекарданд, ки онҳо бояд давлати бетараф бошанд ва сипас ҳама кори аз дасташон меомадаро барои беҳтар кардани муносибатҳо бо Русия анҷом медоданд. Бо ин роҳ, онҳо талафоти худро ба ҳадди ақалл мерасонданд. Аммо низоъ дар самти дигар ҳаракат мекунад", - илова кард Миршаймер.Тибқи иттилои Вазорати дифоъ, дар тӯли 24 соати охир нерӯҳои Русия мавқеи тактикии худро беҳтар карданд. Артиш хатти дифоъи душманро убур кард ва нерӯҳои Украинаро шикаст доданд. Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина беш аз 1450 сарбози худро аз даст доданд.
https://sputnik.tj/20260716/qarori-zelenskiy-taghyir-hukumat-tanqid-1079022875.html
украина
има
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/0a/1075912708_68:0:2797:2047_1920x0_80_0_0_eba3cc179ec9eab033550733961ef7e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, има, коршинос, низоъ, русия, артиши русия
украина, амалиёти вижа, има, коршинос, низоъ, русия, артиши русия
"Аз низоъ хориҷ мешавад": ИМА гуфт Украинаро ба зудӣ чӣ интизор аст
Коршиноси масоили сиёсии амриуоӣ гуфт, ки артиши Украина дар вазъияти ноумедӣ қарор доранд
ДУШАНБЕ, 17 июл – Sputnik. Ҷон Миршаймер, профессори Донишгоҳи Чикаго, изҳор дошт, ки Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина бо шикаст рӯбарӯ ҳастанд, аммо режими Киев намехоҳад, ки зарари кишварро бо бастани сулҳ бо Русия маҳдуд кунад.
"Агар шумо ба он чизе, ки дар майдони ҷанг рӯй медиҳад, нигоҳ кунед - ва ман фикр мекунам, ки ин муҳимтарин чиз аст - шумо хоҳед дид, ки русҳо ғолиб меоянд. Онҳо украиниҳоро ба ақиб тела медиҳанд. Артиши Украина дар вазъияти ноумедӣ қарор дорад. Дар ниҳоят, Украина метавонад аз низоъ ҳамчун як давлати ноком берун ояд", - қайд кард ӯ.
Профессори амрикоӣ таъкид кард, ки Киев дар шароити кунунӣ имконияти музокироти сулҳро бо беҳтарин шартҳо аз даст дод.
"Украинагиҳо бояд бо русҳо созишномаи сулҳ баста, онро қабул мекарданд, ки онҳо бояд давлати бетараф бошанд ва сипас ҳама кори аз дасташон меомадаро барои беҳтар кардани муносибатҳо бо Русия анҷом медоданд. Бо ин роҳ, онҳо талафоти худро ба ҳадди ақалл мерасонданд. Аммо низоъ дар самти дигар ҳаракат мекунад", - илова кард Миршаймер.
Тибқи иттилои Вазорати дифоъ, дар тӯли 24 соати охир нерӯҳои Русия мавқеи тактикии худро беҳтар карданд. Артиш хатти дифоъи душманро убур кард ва нерӯҳои Украинаро шикаст доданд. Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина беш аз 1450 сарбози худро аз даст доданд.