Маълум шуд бузургтарин воридкунандаи бензину сузишвории дизелӣ дар Тоҷикистон кист

© Sputnik / Юрий Сомов / Гузариш ба медиабонкЦистерны с нефтью. Архивное фото
Цистерны с нефтью. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2026
Обуна шудан
Ширкати Газпромнефти Тоҷикистон бузургтарин воридкунандаи бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар ҷумҳурӣ аст
ДУШАНБЕ, 17 июл – Sputnik. Ба иттилои мақомоти кишвар дар Тоҷикистон 8 ширкат ба воридоти бензин машғул мебошанд.
Дар ин бора масъулини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд.
Ба иттилои ҳамин ниҳоди давлатӣ дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ ин ширкатҳо ба ҷумҳурӣ 243,2 ҳазор тонна бензин ба маблағи 196,2 млн доллар бо нархи миёнаи 807 доллар ворид намудаанд.
Қайд карда шудааст, ки воридот нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,8 ҳазор тонна зиёд буда, нархи миёнаи воридотии он 61,0 доллар ё ин ки 8,2 фоиз афзоиш ёфтааст.
Воридкунандагони асососӣ дар бозори кишвар ширкатҳои “Газпромнефт Тоҷикистон” (45,1%), “Темур ойл” (22,3%), АЗМД назди ҲҶТ (13,3%), “Эмом импорт экспорт” (7,5%), “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ” (5,8%), “Октан сервис” (4,1%) ва дигар субъектҳо бо ҳиссаи 1,9 фоиз баҳисоб мераванд.
Ҳамчунин ба иттилои ин Хадамот ба Тоҷикистон беш аз 30 ширкат дар моҳҳои январ-июни соли равон 300,2 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ба маблағи 236,8 млн доллар бо нархи миёнаи 789 доллар ворид намудаанд.
Қайд карда шудааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 35,4 ҳазор тонна зиёд ва нархи миёнаи воридотии он нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 32,0 доллар ё ба андозаи 4,2% боло рафтааст.
Заправка автомобилей на автозаправочной станции в Крыму. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2026
Тоҷикистон барои ду моҳ захираи сӯзишворӣ дорад
Воридкунандагони асососӣ дар ин бозор ширкатҳои “Газпромнефт Тоҷикистон” (45,4%), АЗМД назди ҲҶТ (6,1%), “Эмом импорт экспорт” (5,8%), “Сеганҷ” (4,7%), “Темур ойл” (4,5%), “Таҷ Тур” (2,9%), “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ” (2,8%), “Мабдаи Нур” (2,3%), “Поиметал” (2,2%), “Соро компаниян” (2,1%) ва дигар субъектҳо бо ҳиссаи (21,1%) баҳисоб мераванд.
Мувофиқи маълумоти гумрукӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2026 ба ҷумҳурӣ 599,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 494,7 млн доллар ворид гардидааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 35,9 ҳазор тонна зиёд будаааст.
Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ асосан аз Русия 91,1%, Белорус 2,8%, Туркманистон 1,9%, Қазоқистон 1%, Узбекистон 0,9%з, Қирғизистон 0,9% ва боқимонда 1,5 фоиз ба дигар давлатҳои хориҷи дур рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0