"ТОП 10 ": Бештарини гардишгарони хориҷии Тоҷикистон аз кадом кишварҳо меоянд?

© Sputnik / Амир ИсаевГиссарская крепость
Гиссарская крепость - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2026
Обуна шудан
Эксклюзив
Ҳудуди 91 дарсад аз гардишгароне, ки вориди Тоҷикистон шудаанд, шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои муштаркулманофеъ (ИДМ) ҳастанд
ДУШАНБЕ, 17 июл – Sputnik. Аз ин теъдод, 60 дарсадро шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Русия ташкил медиҳанд.
Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ эълом кард, ки Ӯзбекистон ва Русия ду кишваре ҳастанд, ки бештарин шумори гардишгарон аз онҳо вориди Тоҷикистон шудаанд.
“Ин мавзӯъ пеш аз ҳар чиз ба равобити бисёр наздики миёни кишварҳои мо вобаста аст, аммо мо ҳанӯз ин оморро бозтобдиҳандаи ҳамаи зарфиятҳои мавҷуд намедонем. Талош мекунем, ки шумори гардишгарон боз ҳам бештар афзоиш ёбад”, - гуфт ӯ.
Бар асоси иттилооти Кумитаи рушди гардишгарӣ, дар феҳристи “даҳгонаи аввал” ё даҳ кишвари нахуст аз назари шумори гардишгароне, ки бо ҳадафи сафар вориди Тоҷикистон мешаванд, Ӯзбекистон дар ҷойгоҳи аввал қарор дорад. Дар шашмоҳаи нахусти соли 2026, 510,4 ҳазор нафар аз Ӯзбекистон вориди Тоҷикистон шуданд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2025 (487,2 ҳазор нафар) 4,8 дарсад афзоишро нишон медиҳад.
© Sputnik10 кишваре, ки аз онҳо сайёҳони бештар ба Тоҷикистон меоянд
10 кишваре, ки аз онҳо сайёҳони бештар ба Тоҷикистон меоянд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2026
10 кишваре, ки аз онҳо сайёҳони бештар ба Тоҷикистон меоянд
Русия дар ҷойгоҳи дувум қарор дорад. Дар ин муддат 175,8 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба Тоҷикистон сафар кардаанд, ки нисбат ба давраи мушобеҳи соли гузашта (139,6 ҳазор нафар) 25,9 дарсад бештар аст.
Ҳамчунин 89 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Қирғизистон (дар муқоиса бо 48,3 ҳазор нафар, 1,8 баробар бештар) ва 23,1 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Қазоқистон (дар муқоиса бо 16,9 ҳазор нафар, 36,7 дарсад бештар) вориди Тоҷикистон шудаанд.
Рушди бесобиқа низ дар шумори гардишгарон аз Чин ва Афғонистон мушоҳида мешавад. Дар ин муддат 22,7 ҳазор нафар аз Чин вориди Тоҷикистон шуданд, ки нисбат ба давраи мушобеҳи соли 2025 (12,9 ҳазор нафар) 1,8 баробар афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин 11,1 ҳазор нафар аз Афғонистон вориди кишвар шудаанд, ки 1,6 баробар бештар аз давраи мушобеҳи соли гузашта (6,7 ҳазор нафар) аст.
Дар ҷойгоҳи ҳафтум, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дорад. Дар ин муддат 6,8 ҳазор шаҳрванди амрикоӣ ба Тоҷикистон сафар кардаанд, ки нисбат ба давраи мушобеҳи соли 2025, 21,4 дарсад афзоиш доштааст.
Вулканы Мутновский и Горелый на Камчатке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2026
Кумитаи сайёҳӣ: Аз аввали сол шумори сайёҳон аз Русия ба Тоҷикистон 25% афзоиш ёфт
Аз Олмон низ 3,9 ҳазор нафар вориди Тоҷикистон шудаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта (ҳамагӣ 3,1 ҳазор нафар) 25 дарсад бештар аст.
Пас аз он, Эрон қарор дорад. Шумори гардишгарони эронӣ дар муқоиса бо соли 2025 (6,1 ҳазор нафар) 54,1 дарсад коҳиш ёфтааст.
Феҳристи даҳ кишвари бартар бо Туркманистон такмил мешавад. Дар шашмоҳаи нахусти соли ҷорӣ 3,3 ҳазор нафар аз ин кишвар аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки нисбат ба давраи мушобеҳи соли 2025 (3,2 ҳазор нафар) 3,1 дарсад бештар аст.
Бар асоси иттилооти Кумитаи рушди гардишгарӣ, 806,9 ҳазор нафар, муодили 90,7 дарсад, аз гардишгарони воридшуда шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) будаанд ва 82,5 ҳазор нафар ё 9,3 дарсад низ аз кишварҳои хориҷ аз ин ҳавза ё хориҷи дур вориди Тоҷикистон шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0