https://sputnik.tj/20260716/muvaqqati-jangi-eron-tasir-sayyohi-tojikiston-1079015931.html
"Муваққатӣ": Ҷанги Эрон чӣ таъсире бар сайёҳии Тоҷикистон гузошт?
"Муваққатӣ": Ҷанги Эрон чӣ таъсире бар сайёҳии Тоҷикистон гузошт?
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар бораи паёмадҳо ва асороти манфии ҷанги Эрон ва Амрико сухан гуфт
2026-07-16T17:59+0500
2026-07-16T17:59+0500
2026-07-16T17:59+0500
дар тоҷикистон
сайёҳӣ
гардишгарӣ
эрон
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/05/1075800018_0:216:3072:1944_1920x0_80_0_0_777e273bafdd563945177cb90a0de15b.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Ноамниҳо дар Ховари Миёна амалан сафар ба кишварҳои ин минтақаро ба поинтарин сатҳ расондааст.Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ дар посух ба пурсиши Спутник Тоҷикистон гуфт, ки ҷанги Эрон ва эътилофи Амрикову Исроил ва ба таври куллӣ нооромиҳои Ховари Миёна, таъсироти бисёр манфӣ бар рушди гардишгарӣ дар Тоҷикистон гузоштааст.Ба гуфтаи ӯ, агар дар нимсолаи аввали соли 2025 ҳудуди 6,1 ҳазор гардишгар аз Эрон ба Тоҷикистон сафар карда буданд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ин рақам ба 3 ҳазору 300 нафар коҳиш ёфтааст.“Пеш аз ин ҳаводис, бо ҳамкории ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон барнома доштем, ки шумори гардишгарони эрониро аз марзи 10 ҳазор нафар низ фаротар барем”, - гуфт ӯ.Дар ду соли ахир шумори гардишгарони эронӣ дар Тоҷикистон ба таври чашмгир афзоиш ёфта буд, ки далели аслии он лағви низоми раводид миёни ду кишвар буд. Ин тасмим аз 10 августи соли 2024 ба таври расмӣ иҷроӣ шуд ва шаҳрвандони ҳар ду кишвар метавонанд то 30 рӯз бидуни виза дар хоки якдигар иқомат дошта бошанд. Ҳамчунин парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва шаҳрҳои Машҳад ва Теҳрон барқарор шуданд.Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки шумори гардишгарон аз кишварҳои Ховари Миёна, ба вижа Имороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Ироқ, Қатар, Баҳрайн ва дигар кишварҳо, тақрибан ба сифр расидааст.Ба бовари раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, дар ояндаи наздик ин бахш бо чолишҳои дигаре низ, ки ношӣ аз ноамниҳо дар Ховари Миёна ва Аврупои Шарқӣ аст, рӯбарӯ хоҳад шуд.“Аз ҷумла, афзоиши қимати сӯхт метавонад боиси афзоиши қимати билети ҳавопаймо шавад, ки пеш аз ҳама сафари гардишгарони кишварҳои дурдастро бо мушкил мувоҷеҳ хоҳад кард,” – гуфт Ҷамшед Ҷумъахонзода.Бар асоси омори Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, ба ҷуз Эрон ва Туркия, ҳеҷ яке аз кишварҳои Ховари Миёна дар феҳристи аслии гардишгарони воридшуда қарор надоранд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 3,3 ҳазор гардишгар аз Туркия ба Тоҷикистон сафар кардаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2025 (2,6 ҳазор нафар) 27 дарсад афзоишро нишон медиҳад.
https://sputnik.tj/20260716/kumitai-sayyohi-shumori-sayyohon-rusiya-tojikiston-afzoish-1079003944.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/05/1075800018_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_7d62c4184b6035e173526957414ad746.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сайёҳӣ , гардишгарӣ, эрон, равобит
дар тоҷикистон, сайёҳӣ , гардишгарӣ, эрон, равобит
"Муваққатӣ": Ҷанги Эрон чӣ таъсире бар сайёҳии Тоҷикистон гузошт?
Эксклюзив
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар бораи паёмадҳо ва асороти манфии ҷанги Эрон ва Амрико сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Ноамниҳо дар Ховари Миёна амалан сафар ба кишварҳои ин минтақаро ба поинтарин сатҳ расондааст.
Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ дар посух ба пурсиши Спутник Тоҷикистон гуфт, ки ҷанги Эрон ва эътилофи Амрикову Исроил ва ба таври куллӣ нооромиҳои Ховари Миёна, таъсироти бисёр манфӣ бар рушди гардишгарӣ дар Тоҷикистон гузоштааст.
“Бозори Эрон барои мо бисёр муҳим буд, аммо пас аз ин ноамниҳо ҳам сафари гардишгарони мо ба Эрон ва ҳам сафари гардишгарони эронӣ ба Тоҷикистон ба шиддат коҳиш ёфт,” – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, агар дар нимсолаи аввали соли 2025 ҳудуди 6,1 ҳазор гардишгар аз Эрон ба Тоҷикистон сафар карда буданд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ин рақам ба 3 ҳазору 300 нафар коҳиш ёфтааст.
“Пеш аз ин ҳаводис, бо ҳамкории ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон барнома доштем, ки шумори гардишгарони эрониро аз марзи 10 ҳазор нафар низ фаротар барем”, - гуфт ӯ.
Дар ду соли ахир шумори гардишгарони эронӣ дар Тоҷикистон ба таври чашмгир афзоиш ёфта буд, ки далели аслии он лағви низоми раводид миёни ду кишвар буд. Ин тасмим аз 10 августи соли 2024 ба таври расмӣ иҷроӣ шуд ва шаҳрвандони ҳар ду кишвар метавонанд то 30 рӯз бидуни виза дар хоки якдигар иқомат дошта бошанд.
Ҳамчунин парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва шаҳрҳои Машҳад ва Теҳрон барқарор шуданд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки шумори гардишгарон аз кишварҳои Ховари Миёна, ба вижа Имороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Ироқ, Қатар, Баҳрайн ва дигар кишварҳо, тақрибан ба сифр расидааст.
“Бо ин ҳол, мо мӯътақидем, ки ин вазъ муваққатӣ аст ва умедворем ба зудӣ авзои Ховари Миёна ба субот бирасад ва роҳи сафари гардишгарон дубора боз шавад”, - гуфт ӯ.
Ба бовари раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, дар ояндаи наздик ин бахш бо чолишҳои дигаре низ, ки ношӣ аз ноамниҳо дар Ховари Миёна ва Аврупои Шарқӣ аст, рӯбарӯ хоҳад шуд.
“Аз ҷумла, афзоиши қимати сӯхт метавонад боиси афзоиши қимати билети ҳавопаймо шавад, ки пеш аз ҳама сафари гардишгарони кишварҳои дурдастро бо мушкил мувоҷеҳ хоҳад кард,” – гуфт Ҷамшед Ҷумъахонзода.
Бар асоси омори Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, ба ҷуз Эрон ва Туркия, ҳеҷ яке аз кишварҳои Ховари Миёна дар феҳристи аслии гардишгарони воридшуда қарор надоранд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 3,3 ҳазор гардишгар аз Туркия ба Тоҷикистон сафар кардаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2025 (2,6 ҳазор нафар) 27 дарсад афзоишро нишон медиҳад.