Гардишгар зиёд мешавад: Дар Тоҷикистон як созмони нави сайёҳӣ таъсис шуд

CC BY 2.0 / Flickr / Ninara / Hissar Fortress, Dushanbe, TajikistanТуристы в Гиссарской крепости, Таджикистан
Туристы в Гиссарской крепости, Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2026
Обуна шудан
Таъсиси ин сохтор барои эҷоди платформаи ягона барои соҳа ва амалӣ кардани имкониятҳо ва дастовардҳои кишвар равона шудааст
ДУШАНБЕ, 14 июн - Sputnik. Дар Тоҷикистон Ассотсиатсияи миллии сайёҳӣ таъсис дода шуд.
Ин қарор зимни ҷаласаи намояндагони соҳа, ки дар Душанбе баргузор шуд, қабул карда шуд.
Дар ҷаласа намояндагони якчанд ниҳодҳо ва созмонҳои дахлдор иштирок карданд, хабар дод дафтари матбуоти Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Қайд карда шуд, ки фаъолияти ин созмон ба густариши ҳамкориҳо байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, ҳифзи манфиатҳои соҳибкорон ва беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ нигаронида шудааст.
Ғайр аз ин, интизор меравад, ки таъсиси ассотсиатсия бахши сайёҳии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ таблиғ кунад. Дар ҷаласа қарор дода шуд, ки 11 ширкати кишвар муассисони ин созмон шаванд, ки баъдтар дигар иштирокчиёни бозорро низ дар бар мегиранд.
Мавзолей и памятник поэту Камолу Худжанди в городе Худжанд.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2026
Вуруди сайёҳон ба шимоли Тоҷикистон афзудааст
Гуфта мешавад, ки Умед Саидов роҳбари ассотсиатсия таъин шудааст. Ӯ изҳор дошт, ки фаъолияти ин созмон ба амалӣ кардани имкониятҳои бахши сайёҳии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Мавсуф инчунин изҳор дошт, ки қарори таъсиси ассотсиатсия як қадами муҳим дар роҳи эҷоди платформаи ягона барои рушди ин бахш дар Тоҷикистон аст.
Қайд карда мешавад, ки Ассотсиатсияи миллӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ ҳамкорӣ карда, иштирокчиёни бозори дахлдорро муттаҳид хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0