https://sputnik.tj/20260716/kitobi-surkh-shikor-sharoit-ijozat-1079013615.html
Хориҷ аз "Китоби Сурх": фасли шикор кай ва дар кадом шароит иҷозат дода мешавад?
Хориҷ аз "Китоби Сурх": фасли шикор кай ва дар кадом шароит иҷозат дода мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумати Тоҷикистон 90 нафарро барои шикори ғайриқонунии ҳайвоноти ваҳшӣ ҷарима кардааст
2026-07-16T14:11+0500
2026-07-16T14:11+0500
2026-07-16T19:01+0500
дар тоҷикистон
шикор
хадамоти ҷангал
"китоби сурх"-и тоҷикистон
ҳайвонот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102529/53/1025295338_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_122c9840a54088df4ad20a91c73f7a70.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Ин афрод барои шикори ҳайвоноте муҷозот шудаанд, ки дар "Китоби Сурх" ворид нашудаанд.Давлаталӣ Шарифзода, муовини раиси Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи Спутник Тоҷикистон гуфт, ки ин афрод асосан барои шикори хуки ваҳшӣ, кабки кӯҳӣ ва харгӯш бидуни гирифтани иҷозатнома аз ҷониби кормандони ин ниҳод ошкор ва ҷарима шудаанд.Вай афзуд, ки Агентӣ ҳамчун мақоми давлатии масъули танзими шикор бо дарназардошти тавсияҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фармони аз 29 августи соли 2025 таҳти унвони “Дар бораи оғози мавсими шикори тирамоҳӣ-зимистонии ҳайвонот ва парандагони ваҳшӣ дар солҳои 2025–2026”-ро тасдиқ намуда, бар асоси он иҷозатномаҳои шикор содир кардааст.“Саҳмияи шикори чунин ҳайвонот дар асоси баҳисобгирии зимистонаи ҳайвоноти ваҳшӣ ва бо мувофиқаи Институти зоология ва паразитологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист муайян карда мешавад”, - гуфт муовини раиси Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон.Вай афзуд, ки тибқи Низомномаи шикор ва хоҷагии шикор, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон қабул шудааст, ҳамасола асосан барои шикори хуки ваҳшӣ, кабки сангзор (кӯҳӣ), харгӯш ва баъзе намудҳои дигар иҷозат дода мешавад.“Агентии хоҷагии ҷангал танҳо барои додани иҷозатномаи шикори намудҳое масъул аст, ки дар Китоби Сурх сабт нашудаанд. Намудҳое, ки ба Китоби Сурх дохил шудаанд, дар салоҳияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист қарор доранд”, - гуфт ӯ.Шарифзода инчунин гуфт, ки баъзан бо дархости кишоварзон Агентӣ дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти шикорчиёни Тоҷикистон шикори хукҳои ваҳширо ташкил мекунад.“Хукҳои ваҳшӣ ба заминҳои кишоварзон ворид шуда, онҳоро хароб мекунанд ва ҳосили онҳоро аз байн мебаранд. Дар чунин ҳолатҳо мо маҷбур мешавем дахолат намуда, ба кишоварзон кӯмак расонем”, - гуфт ӯ.Ӯ ҳамчунин дар бораи мавсими анъанавии шикор гуфт, ки он дар асоси фармони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2025 таҳти унвони “Дар бораи оғози шикори баҳории парандагон” роҳандозӣ шудааст.Тибқи иттилои Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон, дар шаш моҳи гузашта ин ниҳод 237 иҷозатномаи шикор ба маблағи умумии 65 ҳазору 185 сомонӣ содир намуда, инчунин 90 нафарро барои шикори беиҷозат ба маблағи умумии 11 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима кардааст.
https://sputnik.tj/20260709/shikori-baynalmilali-gusfandi-marko-polo-1078893927.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102529/53/1025295338_242:0:2973:2048_1920x0_80_0_0_b28e621c3ec7188572ee0215fac09065.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, шикор, хадамоти ҷангал, "китоби сурх"-и тоҷикистон, ҳайвонот
дар тоҷикистон, шикор, хадамоти ҷангал, "китоби сурх"-и тоҷикистон, ҳайвонот
Хориҷ аз "Китоби Сурх": фасли шикор кай ва дар кадом шароит иҷозат дода мешавад?
14:11 16.07.2026 (Навсозишуда: 19:01 16.07.2026) Эксклюзив
Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумати Тоҷикистон 90 нафарро барои шикори ғайриқонунии ҳайвоноти ваҳшӣ ҷарима кардааст
ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Ин афрод барои шикори ҳайвоноте муҷозот шудаанд, ки дар "Китоби Сурх" ворид нашудаанд.
Давлаталӣ Шарифзода, муовини раиси Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи Спутник Тоҷикистон гуфт, ки ин афрод асосан барои шикори хуки ваҳшӣ, кабки кӯҳӣ ва харгӯш бидуни гирифтани иҷозатнома аз ҷониби кормандони ин ниҳод ошкор ва ҷарима шудаанд.
“Тибқи қонунгузории соҳаи ҷангалдорӣ онҳо бояд аввал аз муассисаҳои Агентии хоҷагии ҷангал иҷозатнома мегирифтанд ва баъдан ба шикор машғул мешуданд, аммо ин корро анҷом надоданд”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки Агентӣ ҳамчун мақоми давлатии масъули танзими шикор бо дарназардошти тавсияҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фармони аз 29 августи соли 2025 таҳти унвони “Дар бораи оғози мавсими шикори тирамоҳӣ-зимистонии ҳайвонот ва парандагони ваҳшӣ дар солҳои 2025–2026”-ро тасдиқ намуда, бар асоси он иҷозатномаҳои шикор содир кардааст.
“Саҳмияи шикори чунин ҳайвонот дар асоси баҳисобгирии зимистонаи ҳайвоноти ваҳшӣ ва бо мувофиқаи Институти зоология ва паразитологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист муайян карда мешавад”, - гуфт муовини раиси Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон.
Вай афзуд, ки тибқи Низомномаи шикор ва хоҷагии шикор, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон қабул шудааст, ҳамасола асосан барои шикори хуки ваҳшӣ, кабки сангзор (кӯҳӣ), харгӯш ва баъзе намудҳои дигар иҷозат дода мешавад.
“Агентии хоҷагии ҷангал танҳо барои додани иҷозатномаи шикори намудҳое масъул аст, ки дар Китоби Сурх сабт нашудаанд. Намудҳое, ки ба Китоби Сурх дохил шудаанд, дар салоҳияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист қарор доранд”, - гуфт ӯ.
Шарифзода инчунин гуфт, ки баъзан бо дархости кишоварзон Агентӣ дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти шикорчиёни Тоҷикистон шикори хукҳои ваҳширо ташкил мекунад.
“Хукҳои ваҳшӣ ба заминҳои кишоварзон ворид шуда, онҳоро хароб мекунанд ва ҳосили онҳоро аз байн мебаранд. Дар чунин ҳолатҳо мо маҷбур мешавем дахолат намуда, ба кишоварзон кӯмак расонем”, - гуфт ӯ.
Ӯ ҳамчунин дар бораи мавсими анъанавии шикор гуфт, ки он дар асоси фармони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2025 таҳти унвони “Дар бораи оғози шикори баҳории парандагон” роҳандозӣ шудааст.
“Ҳамасола мо иҷозати шикори анъанавӣ ё шикори парандагонро медиҳем, ки аз 2 феврал то 10 апрел идома мекунад ва асосан шикори кабки сангзорро дар бар мегирад”, - гуфт Давлаталӣ Шарифзода.
Тибқи иттилои Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон, дар шаш моҳи гузашта ин ниҳод 237 иҷозатномаи шикор ба маблағи умумии 65 ҳазору 185 сомонӣ содир намуда, инчунин 90 нафарро барои шикори беиҷозат ба маблағи умумии 11 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима кардааст.