“Шикори байналмилалӣ”: Киҳо гӯсфанди Марко Полоро шикор мекунанд?

© Foto / Комитет по охране окружающей среды Таджикистана.Винторогий козел
Винторогий козел - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2026
Обуна шудан
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди давлати Тоҷикистон эълон кард, ки саҳмияи таъйиншуда барои шикори гӯсфанди Марко Поло пурра ба фурӯш расида ва иҷро шудааст
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Саҳмияе, ки давлати Тоҷикистон барои шикори ин ҳайвони нодир таъйин карда буд, пурра аз ҷониби шикорчиёни хориҷӣ харидорӣ шудааст.
Исфандиёр Шукурзода, муовини аввали раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ин шикорчиён шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия ва кишварҳои Аврупо мебошанд.
“Азбаски ин шикор як шикори байналмилалӣ ҳисоб мешавад, мутобиқи қонунҳои кишвари мо, шикорчиён ё гардишгарони хориҷӣ ҳақ доранд аз ин имконият истифода кунанд”, - гуфт ӯ.
Бар асоси иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, ҳукумати кишвар барои мавсими шикори солҳои 2025–2026 иҷозаи шикори 132 сар гӯсфанди Марко Полоро содир намуда, нархи расмии ҳар сарро ҳудуди 52 ҳазор сомонӣ, баробар ба тақрибан 430 ҳазор рубли русӣ, муайян кардааст.
Исфандиёр Шукурзода афзуд, ки то имрӯз тамоми ин саҳмия ба фурӯш расида, маблағи бадастомада ба буҷети давлат ворид шудааст.
Шикори гӯсфанди Марко Поло ба Тоҷикистон 6 миллиону 864 ҳазор сомонӣ даромад овардааст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2026
Шикори гӯсфанди Марко Поло ба Тоҷикистон 6 миллиону 864 ҳазор сомонӣ даромад овардааст.
"Бештари ин саҳмия, ҳудуди 70 дарсад, аз ҷониби шаҳрвандони Амрико харидорӣ шудааст ва қисми боқимондаро шаҳрвандони Русия ва кишварҳои Аврупо харидаанд", - гуфт ӯ.
Бар асоси иттилои Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат, ки Тоҷикистон соли 2024 узвияти онро ба даст овард, айни ҳол дар Тоҷикистон ҳудуди 29 ҳазор сар гӯсфанди Марко Поло ба қайд гирифта шудааст.
Барои муқоиса, ин рақам дар соли 2018 ҳудуди 26 ҳазор сар буд ва он вақт давлати Тоҷикистон барои шикори 95 сар аз ин ҳайвон иҷоза дода буд.
Лентаи хабарҳо
0