https://sputnik.tj/20260715/tojikiston-eron-tasisi-markazi-logistiki-chobahor-barrasi-1078984568.html
Тоҷикистону Эрон масъалаи таъсиси маркази логистикӣ дар Чобаҳорро баррасӣ карданд
Тоҷикистону Эрон масъалаи таъсиси маркази логистикӣ дар Чобаҳорро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистону Эрон масоили рушди долонҳои нақлиётӣ ва таъсиси маркази логистикиро дар Чобаҳор баррасӣ карданд
2026-07-15T09:36+0500
2026-07-15T09:36+0500
2026-07-15T09:36+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
равобит
нақлиёт
иқтисод
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045233307_0:31:2019:1167_1920x0_80_0_0_cd5124212daed5c1dacd3b2bbfbaa1df.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Тоҷикистон ва Эрон ҳамкорӣ дар бахши нақлиёт ва логистика, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми боркашонӣ дар масирҳои транзитӣ ва таъсиси маркази логистикӣ дар бандари Чобаҳори Эронро баррасӣ карданд.Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон хабар додааст.Тибқи иттилои сафорат, ин масоил зимни дидору мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода ва вазири роҳҳо ва рушди шаҳрдории Эрон Фарзона Содиқ баррасӣ шуданд.Ғайр аз ин, ҳайати Тоҷикистон бо Муҳаммад Шакибинасаб, раиси Созмони бандарҳо ва баҳрии Эрон ва муовини вазири роҳҳо ва рушди шаҳрдорӣ ва Ҷаббор Алӣ Закерӣ, раиси роҳи оҳани Эрон ва муовини вазири роҳҳо ва рушди шаҳрдорӣ, гуфтушунидҳои алоҳида анҷом доданд.Ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи нақлиёт, густариши иқтидори транзитӣ, афзоиши ҳаҷми боркашонӣ дар долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва татбиқи лоиҳаи таъсиси маркази логистикӣ дар бандари Чобаҳорро баррасӣ карданд.Тибқи иттилои манбаъ, музокирот дар фазои дӯстона ва созанда баргузор гардид.Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиро пайваста тақвият медиҳанд.Дар солҳои охир, ҷонибҳо ҳамкориро дар соҳаҳои нақлиёт ва логистика, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва тиҷорат тақвият додаанд.Яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва истифодаи бандари Чобаҳор барои васеъ кардани дастрасии Тоҷикистон ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва афзоиши тиҷорати мутақобила боқӣ мемонад.
https://sputnik.tj/20260703/tojikistonu-eron-tavsea-robitaho-takid-1078779780.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045233307_0:0:1795:1346_1920x0_80_0_0_d84e349d4fbfe4c7bf6aeac17d97d269.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, нақлиёт, иқтисод, тиҷорат
дар тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, нақлиёт, иқтисод, тиҷорат
Тоҷикистону Эрон масъалаи таъсиси маркази логистикӣ дар Чобаҳорро баррасӣ карданд
Мақомоти Тоҷикистону Эрон масоили рушди долонҳои нақлиётӣ ва таъсиси маркази логистикиро дар Чобаҳор баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Тоҷикистон ва Эрон ҳамкорӣ дар бахши нақлиёт ва логистика, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми боркашонӣ дар масирҳои транзитӣ ва таъсиси маркази логистикӣ дар бандари Чобаҳори Эронро баррасӣ карданд.
Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон хабар додааст.
Тибқи иттилои сафорат, ин масоил зимни дидору мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода ва вазири роҳҳо ва рушди шаҳрдории Эрон Фарзона Содиқ баррасӣ шуданд.
Ғайр аз ин, ҳайати Тоҷикистон бо Муҳаммад Шакибинасаб, раиси Созмони бандарҳо ва баҳрии Эрон ва муовини вазири роҳҳо ва рушди шаҳрдорӣ ва Ҷаббор Алӣ Закерӣ, раиси роҳи оҳани Эрон ва муовини вазири роҳҳо ва рушди шаҳрдорӣ, гуфтушунидҳои алоҳида анҷом доданд.
Ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи нақлиёт, густариши иқтидори транзитӣ, афзоиши ҳаҷми боркашонӣ дар долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва татбиқи лоиҳаи таъсиси маркази логистикӣ дар бандари Чобаҳорро баррасӣ карданд.
Тибқи иттилои манбаъ, музокирот дар фазои дӯстона ва созанда баргузор гардид.
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиро пайваста тақвият медиҳанд.
Дар солҳои охир, ҷонибҳо ҳамкориро дар соҳаҳои нақлиёт ва логистика, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва тиҷорат тақвият додаанд.
Яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва истифодаи бандари Чобаҳор барои васеъ кардани дастрасии Тоҷикистон ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва афзоиши тиҷорати мутақобила боқӣ мемонад.