Аз дур ё наздик: Маълум шуд, ки шаҳрвандони кадом кишварҳо бештар ба Тоҷикистон меоянд

© Sputnik Туристы фотографируют посёлок городского типа Степанцминда
Туристы фотографируют посёлок городского типа Степанцминда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2026
Обуна шудан
Давоми шаш моҳи соли равон ба тоҷикистон беш аз 1 миллион шаҳрванди хориҷӣ ворид шудааст, ки аз он наздик ба 900 ҳазор нафараш ба ҳайси сайёҳ ворид шудааст
ДУШАНБЕ, 14 июл - Sputnik. Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Тоҷикистон 889,4 ҳазор сайёҳ ворид шудааст.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода хабар дод.
Ба гуфтаи вай шумораи сайёҳоне, ки дар нимаи аввали соли 2026 ба Тоҷикистон ташриф оварданд, 16,7% афзоиш ёфтааст
Ба гуфтаи вай, дар ин давра аз 1 миллиону 63,4 ҳазор шаҳрванди хориҷие, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, 889,4 ҳазор нафар ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мешаванд.
"Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,7 фоиз зиёд мебошад”, - гуфт ӯ.
Таъкид шуд, ки аз шумораи умумии сайёҳон 806,9 ҳазор нафар аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва 82,5 ҳазор нафар аз давлатҳои хориҷи дур ба Тоҷикистон сафар кардаанд.
Курорт Ходжи Оби Гарм в Таджикистане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2026
Дар Тоҷикистон барномаи бонуфузи сайёҳӣ ба навор гирифта мешавад
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 216 ширкати сайёҳӣ фаъолият намудааст.
Кумитаи рушди сайёҳӣ афзоиши мунтазами ҷараёни сайёҳонро ба ҷумҳурӣ ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, таблиғи иқтидори сайёҳии миллӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт рабт медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0