Дар Тоҷикистон барномаи бонуфузи сайёҳӣ ба навор гирифта мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевКурорт Ходжи Оби Гарм в Таджикистане. Архивное фото
Курорт Ходжи Оби Гарм в Таджикистане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2026
Обуна шудан
Табиати нотакрори Тоҷикистон дар яке аз барномаҳои бонуфузи Русия намоиш дода мешавад
ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Дар Тоҷикистон лоиҳаи телевизионии байналмилалии "Выжить В Таджикистане" роҳандозӣ мешавад.
Ҳадф муаррифии табиати нодиру дороиҳои фарҳангии Тоҷикистон, муҳити орому осоишта, имкониятҳои бузурги сайёҳӣ ва истироҳатӣ, инфрасохтори пешрафтаю замонавӣ мебошад.
Бо ин мақсад аз 30 июн то 1 июли соли 2026 ҳайати намояндагони "Газпром-Медиа Холдинг” аз Русия дар Тоҷикистон қарор доранд.
Ҳайат бо вазири фарҳанги Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода вохӯрдааст.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масоили мухталифи равобити фарҳангӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо изҳори назар кардаанд.
Деҳкадаи сайёҳӣ дар Ховалинг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2026
Дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳӣ бунёд шуд
Дар баробари ин барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Душанбе намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор мешавад.

Тибқи иттилои Шуъбаи рушди сайёҳии шаҳрдории Душанбе, DITE-2026 ва форуми намояндагони соҳа рӯзҳои 24-26 сентябр доир мегардад.

Барои мутахассисон инчунин дар бораи сифати хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо, инчунин дар бораи таҳияи масирҳои нави сайёҳӣ давраи омӯзиш доир мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0